21:03 20 январи 2021
Пахши мустақим
  • USD11.30
  • EUR13.68
  • RUB0.15
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон (927)
72 0 0

Субҳи имрӯз эълон шуд, ки шумори гирифторон ба коронавирус КОВИД-19 ба 66 миллиону 231 ҳазору 472 нафар расидааст

ДУШАНБЕ, 5 дек — Sputnik. Бино бар иттилои Созмони ҷаҳонии беҳдошт танҳо дар як шабонарӯзи гузашта дар саросари олам боз 199 ҳазору 995 нафар сироятшудаи нав сабт шудааст, иттилоъ додааст дафтари матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон. 

Тибқи иттилои манбаъ, шумори ҷонбохтагон аз ин беморӣ дар олам ба 1 миллиону 524 ҳазору 473 нафар расидааст.

Гуфта шудааст, ки аз вируси корона то кунун 45 миллиону 812 ҳазору 972 нафар пурра муолиҷа шудаанд. Дар айни замон дар бемористонҳои кулли олам 106 ҳазору 136 нафар гирифторон ба коронавирус дар ҳоли вазнин қарор доранд.

Гуфтанист, ки ҳадди аксари навсироятшудагон дар як шабонарӯз ба коронавирус SARS-CoV-2 рӯзи 14 ноябр  (667 964 нафар) ва ҳаддиаксари теъдоди марг аз ин беморӣ рӯзи 17 апрел (12 482 нафар)  сабт шуда буд.

Дар ҳамин ҳол вазорати тандурустии Тоҷикистон хабар додааст, ки рӯзи 4 декабри соли равон боз 41 мубталои нав ба КОВИД-19 ошкор шуда, шумори умумии гирифторон ба ин вирус ба 12 349 нафар расидааст.  Аз оғоз то кунун 11 758 нафар ё худ 95,3% шифо ёфтаанд.  

Дар як шабонарӯз дар Русия 27 403 сироятшудаи нав ба КОВИД-19 сабт шуда, аз ин беморӣ 569 нафар ҷон додаанд. Сураъти рушди беморӣ ба ҳадди 1,2 дарсад гуфта шудааст. Дар 19,7 дарсади беморон аломатҳои ин беморӣ мушоҳида нашудааст. Аз ҳама бештар дар шаҳрҳои Маскав (6868,  882 нафар камтар аз як рӯзи пеш), Санкт-Петербурге (3694) ва минтақаи назди Маскав (1223) ба қайд гирифта шуда, теъдоди камтар дар вилояти Мухтори яҳудӣ (30), округи мухтори Ненетс (шаш) ва дар Чукотка (панҷ).

Ноиби сарвазири Русия Татяна Голикова дар як брифинги матбуотӣ эълон намуд, ки ҳамаи минтақаҳои кишвар ба барномаи эмкунӣ аз коронавирус ҳамроҳ карда шудаанд.  

Ин дар ҳолест, ки дар Қазоқистон аз сироят боз 819 нафар хабар доданд ва шумори мубталоён ба 134 706 нафар расидааст.

Дар Қирғизистон бошад зарфи 24 соати сипаришуда 440 мубталои нав сабт шуд ва теъдоди гирифторон ба 74 373 нафар расид. 

Ӯзбекистон аз сирояти боз 161 нафар хабар дод ва аз аввали ҳамагирӣ дар ин кишвар 73 592 нафар чун мубтало ба КОВИД-19 сабт шудаанд.  Аз ин 70 861 (+149) нафар ё худ 96% муолиҷа шудаанд.

Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон (927)
Барчаспҳо:
гирифторон, миллион, нафар, ҷаҳон, вируси корона

Мавзӯъҳои асосӣ