Борону барф меборад: пешбинии ҳавошиносон аз тағйирёбии ҳаво

© Sputnik / Амир ИсаевПервый снег в Душанбе
Первый снег в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳаво тағйирёбанда шуда, дар баъзе ноҳияҳо борон ва барф меборад. Дар ин бора аз Агентии обуҳавошиносии кишвар хабар медиҳад

ДУШАНБЕ, 7 дек — Sputnik. Ба иттилои Агентии обуҳавошиносӣ, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳаво абрнок шуда, дар ноҳияҳои алоҳида бориш, дар ғарби вилоят борон ва барф ба амал меояд. Дар шарқи вилоят барф меборад. Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад.

Морозное утро - Sputnik Тоҷикистон
Ҳушдор аз сардиҳо: чанд тавсияи КҲФ ба сокинон

Ҳаво дар ғарби вилоят   шабона тағйир ёфта аз  0-5 то 4-9 дараҷа хунук мешавад. Рӯзона ҳаво  1+6 дараҷа гарм мешавад. Дар  шарқи вилоят  ҳаво шабона тағйир ёфта аз 11-16 то 21-26 дараҷа хунук ва рӯзона ҳаво аз 0-5 то 4-9  дараҷа хунук мешавад.

Ҳаво дар вилояти Суғд  тағйирёбанда шуда, дар баъзе ноҳияҳо борон ва барф ба амал меояд. Дар ноҳияҳои алоҳида туман мефарояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад.

Ҳаво  дар водиҳо шабона аз 3 дараҷа  хунук то 2 дараҷа гарм ва рӯзона 1+6 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 2-7 дараҷа  хунук ва рӯзона 2+3 дараҷа  гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон  ҳаво тағйирёбанда шуда, дар баъзе ноҳияҳо боришоти борон ва барф дар назар аст. Дар ноҳияҳои алоҳида туман мефарояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 1+6 дараҷа  гарм ва рӯзона 6+9 дараҷа гарм мешавад.

Ҳушдори КҲФ аз хатари тармафароӣ дар роҳҳои кӯҳӣ

Дар  доманакӯҳҳо ҳаво шабона аз 3 дараҷа хунук то 2 дараҷа гарм  ва рӯзона 4+9 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво тағйирёбанда шуда, дар баъзе ноҳияҳо бориш ба амал омада, туман мефарояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8 метр дар як сония  мевазад.  Ҳаво  дар водиҳо  шабона аз 1 дараҷа хунук то 4 дараҷа гарм ва рӯзона 7+12 дараҷа гарм мешавад. 

Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 3-8 дараҷа хунук ва рӯзона 2+3 дараҷа гарм мешавад.

Дар  шаҳри Душанбе ҳаво тағйирёбанда шуда, борони кӯтоҳмуддат меборад. Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳарорати ҳаво шабона 0+2 дараҷа гарм ва рӯзона  10+12  дараҷа гарм мешавад.

Лентаи хабарҳо
0