00:58 26 январи 2021
Пахши мустақим
  • USD11.30
  • EUR13.73
  • RUB0.15
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
586 0 0

Бино бар гузориши Бонки миллии Тоҷикистон арзитши рубл дар кишвар боз боло рафта, 1 рубл - 0.1515 сомониро ташкил медиҳад

ДУШАНБЕ, 7 дек — Sputnik.  Ин ниҳод қурби миёнаи фурӯши 1 доллар дар муассисаҳои қарзии Тоҷикистонро аз 11.3000 то 11.3300 сомонӣ арзёбӣ кард.

Бонки миллӣ қурби миёнаи фурӯши 1 евроро 13.7182 то 13.8000 сомонӣ арзёбӣ кардааст.

Хариду фурӯши 1 рублро бошад, Бонки миллӣ имрӯз аз 0.1515 то 0.1535 сомонӣ муқаррар кардааст.

Дар бонкҳои дигари кишвар, аз ҷумла "Бонки Эсхата" ва "Спитаменбонк" бошад, арзиши рубл боз баландтар нишон дода шудааст.

БМТ огоҳ менамояд, ки "берун аз сарбонк, филиал, марказҳои хизматрасонии бонкӣ, нуқтаи интиқоли пул ва банкомату терминалҳо анҷом додани амалиёти мубодилавӣ қатъиян манъ аст ва риоя накардани талаботи мазкур аз ҷониби шахсони воқеӣ қонуншиканӣ ба ҳисоб рафта, сабаби ба ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ кашидан мегардад".

Мавзӯъҳои асосӣ