03:11 27 январи 2021
Пахши мустақим
  • USD11.30
  • EUR13.72
  • RUB0.15
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
466 0 0

Дар асоси ин тағйиру иловаҳо ба Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ду моддаи нав, яъне моддаи 352 ва 771 илова карда мешаванд.

ДУШАНБЕ, 7 дек — Sputnik. Ин мавзӯъро дар ҷаласаи Шӯрои Маҷлиси намояндагон баррасӣ карданд.

Ҷаласа имрӯз, 7 декабр таҳти роҳбарии раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода баргузор гардид.

Дар ҷаласа лоиҳаи ворид кардани тағйиру иловаҳоро ба кодекс баррасӣ кардаанд.

Мақсади аз он татбиқи муқарарроти Консепсияи сиёсати ҳуқуқии ҶТ барои солҳои 2018-2028  ва амалисозии Барномаи ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ дар ҶТ дар самти мукаммалсозии қонунгузории мурофиавии ҷиноятии ҶТ ва мутобиқгардонии ин самт бо меъёрҳои байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон омода гардидааст.

Дар асоси ин тағйиру иловаҳо ба Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ду моддаи нав, яъне моддаи 352 ва 771 илова карда мешаванд.

Дар Тоҷикистон андоз аз истифодабарандагони роҳҳои мошингард бекор карда мешавад

Дар маҷмӯъ, лоиҳа аз 31 қисм иборат буда, тибқи он ба Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон  иловаи 2 моддаи нав, ифодаи як боб дар таҳрири нав ва ба 35 моддаи Кодекси амалкунанда тағйиру иловаҳо дар назар дошта шудааст, ки асосан ин тағйиру иловаҳо хусусияти меъёрӣ, моҳиятӣ, мазмунӣ ва услуби забони давлатӣ ба шумор мераванд.

Мавзӯъҳои асосӣ