04:44 22 январи 2021
Пахши мустақим
  • USD11.30
  • EUR13.74
  • RUB0.15
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
296 0 0

Вазири нақлиёт  роҳдоронро ҳушдор дод, ки дар истифодаи техника ва маблағҳои барои таъмиру нигоҳдорӣ ҷудогардида эҳтиёткор бошанд

ДУШАНБЕ, 7 дек — Sputnik. Азим Иброҳим, вазири нақлиёти Тоҷикистон роҳдоронро гуфт, маблағҳоро эҳтиёт кунанд, гузориш медиҳанд расонаҳои расмии Тоҷикистон.

Азим Иброҳим дар вохӯрӣ бо масъулин ва кормандони соҳаи роҳдорӣ -сардорон ва мутасаддиёни идораҳои хоҷагии роҳҳо, муассисаҳои нигоҳдории роҳҳо ва дигар масъулини соҳа таъкид намуд, ки дар иҷрои вазифаҳои  масъулиятталаб ба саҳлангорӣ роҳ надиҳанд.

"Назар ба бунёду таҷдиди роҳҳо  нигоҳдории онҳо мушкилтар аст, аз ин лиҳоз роҳсозонро зарур аст софдилона ва бо виҷдони пок вазифаҳои бардӯшдоштаро иҷро намоянд, зеро роҳҳо бо маблағҳои ҳангуфт ва машаққати зиёд сохтаву ба истифода дода мешаванд", - таъкид кардааст вай.

Дар ин росто, Вазири нақлиёт  роҳдоронро ҳушдор дод, ки дар истифодаи техника ва маблағҳои барои таъмиру нигоҳдорӣ ҷудогардида эҳтиёткор бошанд. 

Иброҳимов таъкид намудааст, ки ба қонуншиканиву хунукназарӣ роҳ надиҳанд, ҳаракати бехатари воситаҳои нақлиётро тавассути роҳҳои мамлакат таъмин намоянд ва новобаста аз барфу борон роҳҳо бояд боз бошанд.

Бӯрӣ Каримов: агар бозсозии Горбачёв намебуд имрӯз мо магар соҳибистиқлол будем?

Дар вохӯрӣ ҳамзамон муовини Вазири нақлиёти ҷумҳурӣ Шуҷоат  Сироҷзода ва сардори Раёсати сохтмон ва хоҷагии роҳҳои Вазорати нақлиёт Аловиддин Аноятшоев оид ба омодагии муассисаҳо ва корхонаҳои роҳдорӣ ба зимистон  ва фаъолияти соҳаи нақлиёт  дар 10 моҳи соли равон гузориш доданд.

Оғози сохтмони роҳи дорои 8 хати ҳаракат дар Душанбе бо пули Ҳинд

 

Мавзӯъҳои асосӣ