08:44 02 марти 2021
Пахши мустақим
  • USD11.30
  • EUR13.62
  • RUB0.15
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
451 0 0

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, барф меборад. Ҳарорати ҳаво дар шаҳри Душанбе то 5  дараҷа гарм мешавад

ДУШАНБЕ, 9 дек — Sputnik. Бино ба гузориши Ожонсии ҳавошиносӣ, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳаво абрнок шуда, дар ноҳияҳои алоҳида барф меборад.

Бод аз сӯи ғарб бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 2-7 дараҷа сард мешавад. Рӯзона ҳаво аз 4 дараҷа сард то 1 дараҷа гарм мешавад. Дар  шарқи вилоят ҳаво шабона тағйир ёфта, 13-18 дараҷа хунук ва рӯзона 3-8  дараҷа хунук мешавад, хабар медиҳад АМИТ "Ховар" аз қавли Ожонс.

Ҳаво дар вилояти Суғд абрнок ва дар баъзе ноҳияҳо тағйирёбанда шуда, барфи суст меборад. Дар баъзе ноҳияҳо туман мефарояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 1-6 дараҷа  хунук ва рӯзона аз 1 дараҷа хунук то 4 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 3-8 дараҷа  хунук ва рӯзона аз 3  дараҷа хунук то 2 дараҷа  гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон  ҳавои абрнок ва дар баъзе ноҳияҳо тағйирёбанда шуда, дар ноҳияҳои алоҳида барф меборад. Нимаи дуюми рӯз эҳтимоли бориши нисбатан сусти марҳилавӣ (0-0,5мм) дар назар буда, дар баъзе ноҳияҳо туман мефарояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона аз 3 дараҷа хунук то 2 дараҷа  гарм ва рӯзона 2+7 дараҷа гарм мешавад. Дар доманакӯҳҳо ҳаво шабона 0-5 дараҷа хунук ва рӯзона 2+3  дараҷа гарм мешавад.

Пешгӯии сардии шадид дар Русия

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво абрнок шуда, дар ноҳияҳои алоҳида барф борида, туман мефарояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8 метр дар як сония  мевазад.  Ҳаво  дар водиҳо  шабона ва рӯзона аз 3 дараҷа хунук то 2 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 1-6 дараҷа хунук ва рӯзона аз 3 дараҷа хунук то 2 дараҷа гарм мешавад.

Дар  шаҳри Душанбе ҳаво абрнок шуда, барф меборад. Нимаи дуюми рӯз эҳтимоли бориши нисбатан сусти марҳилавӣ дар назар буда, туман мефарояд Шамол аз самти ғарб бо суръати 2-7 метр дар як сония мевазад. Ҳарорати ҳаво шабона 0-2 дараҷа хунук  ва рӯзона  3+5  дараҷа гарм мешавад.

Барчаспҳо:
Тоҷикистон, сардӣ, барф, меғ мефарояд

Мавзӯъҳои асосӣ