Маркази бозиҳои компютерӣ ба ҷои мактаб: боздошти беш аз 25 ноболиғу ҷавон дар Ҳисор

© Sputnik / Евгений Биятов / Гузариш ба медиабонкГеймеры
Геймеры - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон хабар додааст, ки кормандони пулис дар интернет-кафеҳо ва марказҳои бозиҳои компютерии шаҳри Ҳисор 10 нафар ноболиғ ва 16 нафар ҷавонон, ки дар вақту соати дарсӣ ба ҳар гуна бозиҳои компютерӣ машғул буданд, боздошт намуданд

ДУШАНБЕ, 9 дек — Sputnik.  Вазорати таъкид доштааст, ки ин чорабинии бо мақсади ошкору пешгирӣ намудани ҳолатҳои номатлуб миёни ноболиғону ҷавонон аз ҷониби кормандони шуъбаи ҷавонони Раёсати огоҳонӣ ва пешгирии ҳуқуқвайронкунии ноболиғону ҷавонони (РОПҲНҶ) Вазорати корҳои дохилӣ гузаронида шуд.

Преступник за решеткой - Sputnik Тоҷикистон
Боздошти ду ноболиғ ва ду ҷавон ба ҷурми дуздӣ дар Тоҷикистон

“Тавре маълум гардид, аксари ин  наврасону ҷавонони  зикршуда  бо баҳонаи ба мактаб рафтан аз беназоративу бемасъулиятии волидон ва маъмурияти муассисаҳои таълимӣ истифода намуда, вақти худро дар марказҳои компютерӣ ба шуғлҳои беҳудаи зараровар мегузаронидаанд”,  таъкид доштааст манбаъ.

Ҷинояти наврасони тоҷик: кордзанӣ, бозиҳои компютерӣ ва оворагардӣ

Гуфта шудааст, ки ин тадбирандешӣ ҳолатҳои зиёди вайрон намудани талаботи ин қонун аз тарафи волидони ноболиғонро ошкор намуд.

“Аён гардид, ки ноболиғони зиёд рӯзона бе назорат дар кӯчаву хиёбонҳо гаштугузор намуда, аксаран ба корҳои зараровар, хусусан ба ҳар гуна бозиҳои компютерӣ, ки сабаби ҷой гирифтани рафтору кирдорҳои бадахлоқона дар зеҳну тафаккури насли наврас мегарданд, машғул мешаванд.  Дар бештари маврид маҳз беҳудагардиву дур аз назорати падару модар будани ноболиғон боиси ба ҳар гуна роҳҳои хато рафтани онҳо мегардад”, - қайд кардааст ВУД Тоҷикистон.

Манбаъ зикр кардааст, ки нисбат ба волидони ноболиғону ҷавононе, ки зимни ин чорабинӣ боздошт шуданд, мувофиқи талаботи қонунгузорӣ бо моддаи 90-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии  Тоҷикистон ва нисбат ба моликони ин гуна интернет-кафеҳо ва марказҳои бозиҳои компютерӣ, ки дидаву дониста ноболиғону ҷавонони мактабхонро дар вақту соати дарсӣ ба иншооти худ роҳ додаанд, мувофиқи моддаи 464 иловаи 1-и Кодекси мазкур тадбирҳои маъмурӣ андешида шуданд.

Лентаи хабарҳо
0