02:36 01 марти 2021
Пахши мустақим
  • USD11.30
  • EUR13.69
  • RUB0.15
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
680 0 0

Ожонси обуҳавошиносӣ мегӯяд, рӯзҳои оянда дар Тоҷикистон дамои ҳаво ноустувор мешавад: яхбандӣ, сангрезӣ ва меғфароӣ сурат мегирад

ДУШАНБЕ, 10 дек — Sputnik. Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ба ронандагону пиёдагардон аз ноустувор шудани ҳаво дар рӯзҳои оянда ҳушдор медиҳад.

Ба иттилои котиботи кумитаи мазкур, рӯзҳои оянда дамои ҳаво дар саросари кишвар сард мешавад. Боронҳои зиёду резиши барф бахусус дар роҳҳои кӯҳӣ хатар эҷод мекунанд. 

Фаромадани тарма ва яхбандӣ: пешгӯии дақиқи ҳавошиносон барои имрӯз

Кумитаи ҳамчунин аз фаромадани меғ ҳушдор медиҳад, ки ин падидаи табиат ҳатман мушкили зиёде дар ҳаракати мошинҳо эҷод мекунад. 

Дар иртибот ба яхбандиҳо ва меғфароӣ дар роҳҳо, Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ба сокинон ва меҳмонони кишвар чанд тавсияро ироа намудаст:

  • шахсоне, ки гирифтори бемориҳои дилу раг ва зиққи нафас мебошанд, аз баромадан ба кӯча худдорӣ намоянд;
  • пиёдагардон бояд ҳангоми убур аз кӯчаҳо ва роҳҳо ниҳоят эҳтиёткор бошанд;
  • ронандагони воситаҳои нақлиёт суръати ҳаракатро суст кунанд ва қоидаҳои ҳаракатро қатъиян риоя намоянд;
  • ронандагон даст аз пойгаву пеш гузаштанҳо бардоранд, то ҳолатҳои садамавиро дар кӯчаҳо ба вуҷуд наоранд;
  • эҳтиёткор бошед, ба ҳеч вақт ба баланд кардани суръати ҳаракат роҳ надиҳед, оромона мошин ронед, то озодона ва беосеб ба манзил бирасед;
  • ҳангоми убур аз чорроҳаҳо ва роҳҳои пиёдагузар ба ҳаракати одамон эътибор диҳед;

Кумитаи мегӯяд, агар ронандаҳо бетаҷриба ва навкор бошанд, беҳтараш дар чунин вазъи ҳаво ба роҳ набароянд, зеро аксари садамаҳо дар роҳҳои кишвар ба айби маҳз ронандаҳои навкор сурат мегирад.

"Сӯзишвории эҳтиётӣ ва ҳамчунин чархҳои барои роҳҳои яхбаста мусоидро  дошта бошад, суръати автомобилро дар чунин ҳолатҳо аз меъёр баланд накунед ва фосила байни мошинҳоро риоя кунед".

Зимнан, КҲФ ба пиёдаравон низ чанд тавсия ироа намудааст:

  •  саросема нашавед, ҳангоми убур аз роҳ бадиққат бошед. 
  •  пойафзоли лағжандаро напӯшед, пойафзоле пӯшед, ки шуморо аз афтидан дар яхҳо ҳифозат кунад.
  •  ҳангоми ҳаракат дар роҳ аслан ба саросемагӣ роҳ надиҳед.
Барчаспҳо:
КҲФ, тавсия, обу ҳаво

Мавзӯъҳои асосӣ