15:15 25 январи 2021
Пахши мустақим
  • USD11.30
  • EUR13.74
  • RUB0.15
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
23320

Ҷаласаи Кумитаи пайгирии Комиссияи муштараки ҳамкориҳои иқтисодӣ, тиҷоратӣ, техникӣ ва фарҳангии Тоҷикистон ва Эрон баргузор гардид

ДУШАНБЕ, 11 дек – Sputnik. Ахиран ҷаласаи маҷозии Кумитаи пайгирии иҷрои қарорҳои ҷаласаи 13-уми Комиссияи муштараки ҳамкориҳои иқтисодиву тиҷоратӣ ва техникиву фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Эрон баргузор гардид, иттилоъ додааст маркази матбуоти Вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон.

Бино бар иттилои манбаъ, дар он ҳайати Тоҷикистонро Муовини вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон Назар Назарзода ва ҳайати эрониро муовини вазири нерӯи Эрон Муҳаммадалии Фараҳнокиён роҳбарӣ карданд.

Гуфта шудааст, ки ҷонибҳо вазъи кунунии ҳамкориҳои Тоҷикистону Эронро дар соҳаҳои гуногун мавриди баррасӣ қарор доданд.

Шералӣ Кабир бо сафири Эрон Муҳаммадтақӣ Собирӣ чӣ масъаларо баррасӣ кард?

Ҳамчунин ҷонибҳо, тадбирҳои мушаххасро барои тақвияти ҳамкориҳои мутақобилан судманди иқтисодиву тиҷоратӣ ва техникиву фарҳангии ду кишвар ҳамоҳанг намуданд.

Барчаспҳо:
фарҳанг, иқтисод, тиҷорат, ҳамкорӣ, Эрон, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ