Президент ба 120 оилаи кормандони Кумитаи амнияти миллӣ хона туҳфа кард

© Sputnik / Евгений Биятов / Гузариш ба медиабонкСвязка ключей от квартир многоэтажного жилого дома, архивное фото
Связка ключей от квартир многоэтажного жилого дома, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Раисҷумҳури Тоҷикистон дар кӯчаи Саъдии Шерозии ноҳияи Синои пойтахт ду бинои баландошёнаи истиқомати, ки барои кормандони Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон бунёд шудааст, мавриди истифода қарор дод

ДУШАНБЕ, 11 дек – Sputnik. Бино бар иттилои дафтари матбуоти раисҷумҳур, субҳи имрӯз Эмомалӣ Раҳмон, президенти кишвар ҳамроҳ бо Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар кӯчаи Саъдии Шерозии ноҳияи Синои пойтахт ду бинои баландошёнаи истиқоматиро барои кормандони Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Военный парад в Хороге по случаю приезда президента Таджикистана - Sputnik Тоҷикистон
Президент Шамолзодаро фармондеҳи воҳиди махсус таъйин кард

Гуфта шудааст, ки биноҳои истиқоматӣ бо маблағгузории Ҳукумати кишвар аз ҷониби Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Тоҷикистон бунёд гардида, аз 12 ошёна ва 124 хонаи як ва дуҳуҷрагӣ иборат мебошад.

Биноҳо дар давоми се сол бо ҷалби мутахассисони баландихтисоси маҳаллӣ бо сатҳу сифати баланд ва мутобиқ ба меъёрҳои шаҳрсозӣ бунёд гардидааст.

Эмомалӣ Раҳмон пас аз шиносоӣ бо шароити биноҳои нав, ба кормандони Кумитаи давлатии амнияти миллӣ калиди хонаҳои истиқоматиро тақдим кард.

Ҳамчунин раисҷумҳур ба 120 оилаи кормандони Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, ки дар ин ду бинои баландошёна соҳиби хонаҳои нави истиқоматӣ гардиданд, яхдон, телевизор, мошини ҷомашӯӣ ва дигар ҷиҳози зарурии рӯзгор туҳфа намуд.

Ҳамзамон, дар ҳамин ҷо раисҷумҳури кишвар барои бунёди боз як бинои нави истиқоматии 16-ошёна санги асос гузошт.

Тибқи лоиҳа шумораи умумии хонаҳо дар бинои мазкур 128 ададро ташкил дода, дар ҳавлии он бунёди майдонча барои бозии кӯдакон пешбинӣ гардидааст.

Лентаи хабарҳо
0