Ронандае, ки дар Душанбе ҷавонзанро таъқиб карду гап партофт, ҷарима шуд - навор

© Sputnik / Стас ЭтвешАвтомобиль полиции, архивное фото
Автомобиль полиции, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ин ҷавонзан корбари фаъоли шабакаҳои иҷтимоӣ буда, рафтори нодурусти як нафар ҷавонро дар телефони ҳамроҳ сабт намуда ба кормандони пулис ирсол кард. Номбурда дархост намуд, ки алайҳи ронандаи мазкур чораҳои зарурӣ андешида шавад

ДУШАНБЕ, 12 дек — Sputnik. Пулиси Душанбе ҷавонеро боздошт намуданд, ки як нафар ҷавонзанро таъқиб карда, гаппартоӣ менамуд. Худрави ронанда ва рақамҳои онро худи ҷавонзан сабт карда, унвонии кормандони пулиси пойтахт ирсол кард.

Ҷавонзан аз таъқибу гаппартоии ронанда шиква намуда, аз кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дархост кард, ки нисбати ронанда чораҳои зарурӣ андешида шаванд.

Боз ду ҷавони душанбегӣ барои "гаппартоӣ" муҷозот шуданд

Котиботи РВУД дар шаҳри Душанбе хабар медиҳад, ки ронанда Бобобеков Хушбахти 24 - сола, сокини шаҳри Душанбе мебошад, ки аз ҷониби кормандони милитсия дар асоси навори дастрас карда боздошт гардид.

Посадка пассажиров в автобус, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Қабули қонун: ҳаҷми ҷарима барои напардохтани роҳкиро эълон шуд

Манбаъ меафзояд, зимни бозпурсӣ Хушбахт иқрор шуд, ки рӯзи 4 - уми декабр дар кӯчаи Фирдавсии пойтахт ҷавонзанеро бо худраваш таъқиб намуда буд.

РВУД дар шаҳри Душанбе мегӯяд, бо назардошти ҳолати мазкур нисбати Бобобеков Хушбахт тибқи талаботи моддаи 460 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи маъмурӣ тартиб дода шуда, бо қарори суд ба маблағи 406 сомонӣ ҷаримабандӣ шуд.

Лентаи хабарҳо
0