Меғ мефарояду боришот мешавад: пешгӯии дамои ҳаво дар Тоҷикистон барои имрӯз

© SputnikТуман в Душанбе, архивное фото
Туман в Душанбе, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳаво тағйирёбанда шуда, эҳтимоли бориши нисбатан сусти марҳилавӣ ва фаромадани туман дар назар аст

ДУШАНБЕ, 12 дек — Sputnik. Имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳаво тағйирёбанда шуда, эҳтимоли бориши нисбатан сусти марҳилавӣ (0-0,5мм) дар назар аст, хабар медиҳад АМИТ "Ховар" бо такя ба маълумоти Ожонси ҳавошиносӣ.

На территории парламента Республики Таджикистан - Sputnik Тоҷикистон
Борону барф меборад: пешгӯии дақиқи обу ҳаво дар Тоҷикистон

Ба иттилои манбаъ, ҳаво дар ғарби вилоят шабона 6-11 дараҷа сард ва рӯзона аз 3 дараҷа хунук то 2 дараҷа гарм мешавад. Дар шарқи вилоят  ҳаво шабона тағйир ёфта аз  15-20 то 25-30 дараҷа хунук ва рӯзона аз 2-7 то 6-11  дараҷа хунук мешавад.

Ҳаво дар вилояти Суғд тағйирёбандаи бебориш шуда, дар ноҳияҳои алоҳида туман мефарояд. Ҳаво дар водиҳо шабона 0-5 дараҷа сард ва рӯзона  1+6 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 6-11 дараҷа  хунук ва рӯзона аз 3  дараҷа хунук то 2 дараҷа  гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон ҳаво тағйирёбанда шуда, эҳтимоли бориши нисбатан сусти марҳилавӣ (0-0,5мм) дар назар аст. Ҳаво дар водиҳо шабона аз 1 дараҷа хунук то 4 дараҷа гарм  ва рӯзона 2+7 дараҷа гарм мешавад. Дар  доманакӯҳҳо ҳаво шабона ва рӯзона аз 4 дараҷа хунук то 1  дараҷа гарм мешавад.

Обу ҳаво: имрӯз дар Тоҷикистон эҳтимоли бориши борон дар назар аст

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво  тағйирёбанда шуда, эҳтимоли бориши нисбатан сусти марҳилавӣ дар назар аст. Ҳаво дар водиҳо  шабона 0-5 дараҷа хунук ва рӯзона 0+5 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 3-8 дараҷа хунук ва рӯзона аз 3 дараҷа хунук то 2 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳри Душанбе ҳаво тағйирёбанда шуда, эҳтимоли бориши нисбатан сусти марҳилавӣ дар назар аст. Ҳарорати ҳаво шабона 0-2 дараҷа хунук  ва рӯзона  3+5  дараҷа гарм мешавад.

Лентаи хабарҳо
0