01:53 27 январи 2021
Пахши мустақим
  • USD11.30
  • EUR13.72
  • RUB0.15
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
67240

Шоҳ Карим ал-Ҳусайнӣ Оқохони IV, 49-умин имоми исмоилиёни ҷаҳон, 13 декабри соли 1936 дар шаҳри Женеваи Швейсария ба дунё омадааст. Ин торихро исмоилиёни ҷаҳон чун рӯзи "Мавлуд" ҷашн мегиранд

ДУШАНБЕ, 13 дек — Sputnik. Пайравони мазҳаби исмоилия имрӯз 84 -умин солгарди зодрӯзи Шоҳ Карим ал-Ҳусайнӣ, имоми 49-уми худро ҷашн мегиранд.

Дар ҷашни "Мавлуд" одатан дар сатҳи маҳалу хонаводаҳо барномаҳои гуногуни фарҳангӣ ва маърифатӣ баргузор мешаванд.

Ҳамакнун дар саросари ҷаҳон камобеш 20 милюн нафар пайрави маҳзаби шиъаи имомии исмоилӣ ҳаст, ки дар Тоҷикистон, Ҳиндустон, Покистон, Афғонистон, Танзания, Кения, кишварҳои халиҷи Форс, Эрон, Лубнон, Сурия, Алҷазоир, ҳамчунин Амрико, Канада, Бритониё ва Фаронса зиндагӣ ба сар мебаранд. Яке аз бузургтарин ҷамоътҳои исмоилиён дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба сар мебарад.

Ҳамасола исмоилиёни тамоми дунё ин рӯзро бошукӯҳ ҷашн мегиранд. Аммо имсол аз сабаби пандемияи коронавирус, имкони гирди ҳам омадани муридони Аълоҳазрат ғайримумкин шуд.

“Хушҳолӣ муборак”-дар Маскав бахшида ба мавлуди Оқохони IV консерт баргузор гардид

Соли гузашта дар Маскав бо ибтикори созмони ҷамъиятии "Нур" барномаи бошукӯҳи фарҳангӣ таҳти унвони "Хушҳолӣ муборак" баргузор шуд.

Имсол бошад исмоилиёни ҷаҳон мавлуди Шоҳ Карим ал - Ҳусайниро дар доираи хонаводагӣ истиқбол мегиранд. Бо вуҷуди ин, муридони Аълоҳазрат тариқи паёмак ҳамдигарро шодбош мегӯянду хурсандии худро бо дигарон қисмат мекунанд.

Шоҳ Карим ал-Ҳусайнӣ Оқохони IV, 49-умин имоми исмоилиёни ҷаҳон, 13 декабри соли 1936 дар шаҳри Женеваи Швейсария ба дунё омадааст. Ин торихро исмоилиёни ҷаҳон чун рӯзи “Мавлуд” ҷашн мегиранд.

Пешрафти Оқохони IV дар феҳрасти таъсиргузортарин мусалмонҳои ҷаҳон

Аълоҳазрат Шоҳ Карим донишомӯхтаи донишкадаи торихи исломи Донишгоҳи Ҳарвард буда, бунёдгузор ва сарвари "Шабакаи тавсеъаи Оқохон" (AKDN) аст. Ӯ пас аз бобояш Султон Муҳаммадшоҳ Оқохони Севум, дар рӯзи 11 июли соли 1957, дар 20-солагӣ пешвои руҳонии исмоилиёни ҷаҳон шудааст.

Барчаспҳо:
ҷашн, рӯзи мавлуд, Оқохони IV

Мавзӯъҳои асосӣ