Рустами Эмомалӣ ба масҷид рафту дарахт шинонд-акс

© Исполнительный орган гос. власти города ДушанбеПредседатель Маджлиси Милли Маджлиси Оли Республики Таджикистан, Председатель Душанбе Рустам Эмомали присутствовал на посадке
Председатель Маджлиси Милли Маджлиси Оли Республики Таджикистан, Председатель Душанбе Рустам Эмомали присутствовал на посадке - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Рустами Эмомалӣ, раиси шаҳри Душанбе, дар даромадгоҳи асосии Масҷиди марказии ҷомеи шаҳри Душанбе шахсан ду дарахти беш аз 60-сола шинонд

ДУШАНБЕ 14 дек - Sputnik. Тибқи иттилои котиботи шаҳрдорӣ, Рустами Эмомалӣ барои вусъати тадбирҳои вобаста ба иқдоми “Шаҳри сабз”, ба кӯчаи Низомии Ганҷавии ноҳияи Сино рафта, дар маъракаи ниҳолшинонӣ иштирок намуд.

Манбаъ афзуд,  Рустами Эмомалӣ дар даромадгоҳи асосии Масҷиди марказии ҷомеи шаҳри Душанбе ду дарахти навъи Платон шинонд, ки гуфта мешавад умри беш аз 60-сола доранд.

© Исполнительный орган гос. власти города ДушанбеПредседатель Маджлиси Милли Маджлиси Оли Республики Таджикистан, Председатель Душанбе Рустам Эмомали присутствовал на посадке
Рустами Эмомалӣ ба масҷид рафту дарахт шинонд-акс - Sputnik Тоҷикистон
Председатель Маджлиси Милли Маджлиси Оли Республики Таджикистан, Председатель Душанбе Рустам Эмомали присутствовал на посадке

Рустами Эмомалӣ махсусан таъкид намудаст, ки дар рафти маъракаҳои ниҳолшинонӣ аз маслиҳатҳои мутахассисони соҳа ҷиддӣ истифода карда шавад.

Ниҳолшинонии раиси вилояти Хатлон - Sputnik Тоҷикистон
Дар вилояти Хатлон дарахтони аз Белгияву Испания овардашуда шинонда шуданд

Котибот зикр намудааст, ки қаблан Рустами Эмомалӣ дар маҷлиси вакилони халқ муроҷиат дар бораи ба “Шаҳри сабз” табдил додани шаҳри Душанбе карда буд.

“Натиҷа ин аст, ки  ҳамагӣ давоми як моҳи оғози мавсими имсолаи ниҳолшинонӣ, дар миқёси шаҳри Душанбе зиёда аз 53 ҳазор дарахтони гуногуни ҳамешасабзу ороишӣ шинонида шуданд”, - омадааст дар матлаб.

Манбаъ таъкид кард, ки дар маҷмӯъ, тибқи нақшаи пешбинишуда дар ҳудуди шаҳри Душанбе ин мавсим беш аз 100 ҳазор бех дарахтони сояафкану ороишӣ ва зиёда аз 10 миллион адад гулҳои мавсимиву бисёрсола, аз ҷумла 3,5 миллион дона  гулҳои лола шинонда ва парвариш меёбад.

Лентаи хабарҳо
0