Эмомалӣ Раҳмон зери чанд қонуни нав имзо гузошт

Обуна шудан
Ба як қатор қонуну кодексҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйиру иловаҳо ворид гардиданд. Зери онҳо президент имзо гузоштааст

ДУШАНБЕ, 17 дек — Sputnik. Бино бар иттилои котиботи раисҷумҳури Тоҷикистон, имрӯз президент зери чанд қонуни нав имзо гузоштааст.

Ҳамин тавр, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба кодексҳои ҷиноятӣ, ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ва андоз, “Дар бораи маориф” ва “Дар бораи аудити дохилӣ дар ташкилотҳои бахши давлатӣ” имзо шуданд.

Президент Республики Таджикистан Эмомали Рахмон - Sputnik Тоҷикистон
Раҳмон ба ҳакамони озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ”: одилонаву воқеъбинона баҳогузорӣ кунед

"Иловаҳои ба кодексҳои ҷиноятӣ ва ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ воридшуда, барои пешгирӣ ва мубориза ба зидди ҷиноятҳо ва ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурие, ки бо мақсади барангехтани кинаю адовати миллӣ, нажодӣ, маҳалгароӣ ва динӣ содир карда мешаванд, равона шудааст", - тавзеҳ медиҳад котиботи раисҷумҳур.

Тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи аудити дохилӣ дар ташкилотҳои бахши давлатӣ” ба такмили қоидаҳои гузаронидани супоришҳои аудиторӣ, таъсису таҳкими воҳидҳои аудити дохилӣ дар ташкилотқҳои давлатӣ ва ҳамкории аудити дохилӣ бо аудити беруна нигаронида шудааст.

Тағйири қонун: Эмомалӣ Раҳмон ҳаққи истифодаи бепул аз нақлиёти ҷамъиятӣ дорад

Қонунҳои баимзорасида ба рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ, соҳибкорӣ, такмили низоми андоз, аудити дохилӣ, пешгирӣ ва мубориза бар зидди ҷинояткорӣ ва дар маҷмӯъ барои таҳкими қонуният ва беҳдошти зиндагии мардум равона шудаанд.

Қонунҳои баимзорасида дар матбуот интишор карда мешаванд.

Лентаи хабарҳо
0