23:52 27 январи 2021
Пахши мустақим
  • USD11.30
  • EUR13.68
  • RUB0.15
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
742 0 0

Суханронии солонаи раисиҷумҳурии Тоҷикистон дар нишасти муштараки маҷлисҳои миллӣ ва намояндагони кишвар, ки маъмулан дар авохири моҳи декабр буд, ба замони дигаре афтод

ДУШАНБЕ, 17 дек — Sputnik. Ироаи паёми раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба таъхир афтод, гузориш медиҳад "Парс тудэй" дар истинод ба сомонаи "Тоҷ Вик".

Манобеъ дар ҳукумати Тоҷикистон гуфтаанд, ки иллати ба таъхир афтодани суханронии солонаи Эмомалӣ Раҳмон дар нишасти муштараки маҷлисҳои миллӣ ва намояндагони ин кишвар, баргузор шудани иҷлоси натиҷагирӣ аз рушди иқтисодӣ ва иҷтимоии Тоҷикистон дар соли 2020 дар моҳи январи соли ҷадиди 2021 мебошад.

"Акнун бар асоси барномарезии ҳукумати Тоҷикистон нишасти натиҷагирӣ аз соли 2020 ва суханронии Эмомалӣ Раҳмон дар иҷлоси муштараки маҷлисҳои миллӣ ва намояндагон дар моҳи январи соли 2021 баргузор хоҳад шуд", - менависад манбаъ.

Аз соли 2015 бар асоси риволи маъмӯл, раисиҷумҳурии Тоҷикистон дар моҳи декабр бо арзёбии рушди иқтисодӣ ва иҷтимоии кишвар, барномаи самту сӯи сиёсати хориҷӣ ва дохилиро барои соли баъд мушаххас мекунад.

Дар нишасти муштараки маҷлисҳои миллӣ ва намояндагони Тоҷикистон, раисони вилоятҳо, шаҳрҳо ва ноҳияҳо, намояндагони сафоратҳои хориҷии муқими Тоҷикистон, масъулони созмонҳои фарҳангӣ, иҷтимоӣ ва марокизи илмӣ ва донишгоҳии кишвар низ ширкат мекунанд.

Мавзӯъҳои асосӣ