00:31 26 январи 2021
Пахши мустақим
  • USD11.30
  • EUR13.73
  • RUB0.15
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
277 0 0

Агентии содироти назди ҳукумати Тоҷикистон аз Иттиҳоди Аврупо шаҳодатномаи сабти содиркунандагони тоҷик дар низоми REX (Registered Exporter System) – ро ба даст овард ва дар навбати аввал, роҳи шаш ширкати тоҷикӣ ба бозорҳои аврупоиро ҳамвор сохт

ДУШАНБЕ, 18 дек — Sputnik. Шавкат Бобозода, директори Агентии содироти назди ҳукумати Тоҷикистон, дар расми муаррифӣ ва эътои шаҳодатнома ба ин ширкатҳо гуфт, ин як дастоварди сиёсӣ ва иқтисодӣ барои кишвар аст.

"Ин фахри Тоҷикистон аст, ки дар чунин замона ва шароити мушкил тавонистем шаҳодатномаи ин Низомро ба даст оварда, барои шаш ширкати ватанӣ дар роҳи расидан ба бозорҳои Аврупо суҳулат офаринем. Умедворем, ки дигар ширкатҳои ватании мо низ вориди ин Низом хоҳанд шуд", - гуфт Шавкат Бобозода.

Дар ин маросим, ки бо ҳузури намояндагони тамоми ниҳодҳои иқтисодӣ ва ҳам созмонҳои хориҷии муқими Тоҷикистон баргузор шуд, Петра Гашпарова, сарпарасти намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон ба раҳбарони ширкатҳои "Ҷавонӣ", "Меваю сабзавот", "Ваҳдат Текстил", "Органик Ярн", "Аввалин" ва "Абрикос ва компания" шаҳодатнома (сертификат)-ҳои Низоми сабтшудаи содиркунандагони Иттиҳоди Аврупоро таслим намуд.

Тоҷикистон солҳост, ки барои ворид шудан ба ин низом талош мекард ва аз 27 августи соли 2020 Агентии содироти назди ҳукумати Тоҷикистонро ваколатдори расмии музокирот бо Иттиҳоди Аврупо таъин намуд.

Директори Агентии содироти назди ҳукумати Тоҷикистон гуфт, мутобиқи қарори Комиссияи Иттиҳоди Аврупо муҳлати шомил шудани Тоҷикистон ба Низоми мазкур 31 декабр муайян карда шуда буд.

“Дар натиҷаи тадбирҳое, ки андешидем, шаҳодатнома (сертификат)-и гузариш 1 декабри соли 2020 дар ихтиёри Тоҷикистон қарор гирифт”, - гуфт Шавкат Бобозода.

Чӣ фоида?

Бино ба иттилои Агентии содироти назди ҳукумати Тоҷикистон, низоми REX ба соддагардонии расмиёти савдо, аз ҷумла барасмиятдарории ҳуҷҷатҳои амалиётҳои содиротӣ мусоидат намуда, заминаи дастрасӣ ба Низоми умумии имтиёзҳои ИА (GSP) – ро фароҳам месозад.

“Тибқи низоми REX, ба тамоми молу маҳсулоте, ки вориди Аврупо мешавад, тахфиф медиҳанд ва гирифтани ҳар гуна аснод барои ширкатҳо зарур нест. Агентӣ ҳамчун оператори давлатӣ дар ин низом ширкатро як бор сабти ном мекунад. Боҷу хироҷ коҳиш меёбад, расмиёти тиҷорат одӣ ва вақт сарфа мешавад”, - гуфт як масъули Агентӣ.

Гардиши коло байни Тоҷикистону Чин қариб 25 дар сад кам шуд

Бо рақаме, ки аз REX мегиранд, пешакӣ иттилоъ ва мушаххасоти техникиро дар бораи молу маҳсулоташон пешниҳод менамоянд. Вақте ба мувофиқа расиданд, бе мушкил моли худро ба Аврупо мефиристанд. Қаблан расмиёт маблағҳои калонро талаб мекард, афзуд манбаъ.

Агентии содироти Тоҷикистон ду соли пеш, моҳи августи соли 2018, ба хотири рушди содирот ва рақобатпазир шудани молҳои истеҳсоли Тоҷикистон дар бозорҳои ҷаҳонӣ таъсис ёфта, вуруди Тоҷикистон ба Низоми сабтшудаи содиркунандагони Иттиҳоди Аврупо дастоварди дурахшони он ба шумор меравад.

Бозори рақобатҳо

Шавкат Раҳимов, ёвари мудири кулли “Ҷавонӣ”, ширкате, ки ба Аврупо амволи нассоҷӣ содир мекунад, ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, ворид шудан ба низоми REX моли содиротиро тақрибан 12% аз боҷи гумрукӣ озод мекунад.

“Дар он ҷо мо бояд бо нассоҷони турку покистонӣ ва ҳиндӣ рақобат кунем. Ин низом ба мо имкон медиҳад, ки мавқеъи моли худро дар бозорҳои Иттиҳоди Аврупо қавӣ гардонем. Дар 11 моҳи гузашта ҳудуди 9,7 миллион доллар маҳсулот ба Аврупо содир карда будем ва пас аз вуруд ба ин низом интизор дорем, ин рақам бештар мешавад”, - гуфт Шавкат Раҳимов.

"Равзанаи ягонаи гумрук": дар Тоҷикистон воридоту содироти коло осон мешавад

“Ҷавонӣ” яке аз ширкатҳои муваффақи Тоҷикистон, соли 1992 аз сӯи ширкати “Карера Ҳолдин Инк” (Амрико) ва ҳукумати Тоҷикистон рӯи кор омада, беш аз 95% маҳсулоти худ, назири ҷинсу дигар либосҳои пахтагӣ ва ниқобро ба Аврупо содир мекунад ва бо иттифоқи “Катн”, як ширкати дигар, ҳудуди 90% содироти насоҷии кишварро таъмин менамояд.

Мавзӯъҳои асосӣ