18:49 01 марти 2021
Пахши мустақим
  • USD11.30
  • EUR13.62
  • RUB0.15
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
2156 0 0

Имрӯз дар Душанбе маросими супурдани ҷоизаҳои барандагони озмуни "Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст" баргузор гарид

ДУШАНБЕ, 18 дек — Sputnik. Барандаи шоҳҷоизаи озмуни "Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст" эълон шуд.

Доварони озмун якдилона шоҳҷоизаро сазовори хонандаи синфи 11-уми мактаби рақами 28-и деҳаи Сории шаҳри Панҷакент Насриддинова Раъно донистанд.
Президент Республики Таджикистан Эмомали Рахмон
Исполнительный орган государственной власти Согдийской области

Маросими ҷоизасупорӣ дар театри Опера ва болети ба номи Садриддин Айнӣ баргузор гардид.

Дигар ғолибон аз рӯи чанд номинатсия эълон гардида, аз 15 то 30 ҳазор сомонӣ мукофотпулӣ гирифтанд.

Ба  барандаи  "Шоҳҷоиза" 60 ҳазор сомонӣ тақдим шуд.

Ёдрас мешавем, ки озмуни "Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст" имсол барои дувумин бор аст, ки дар қаламрави ҷумҳурӣ баргузор мегардад. Бори аввал ин озмун соли гузашта доир шуда буд. Ин озмун аз моҳи январ то моҳи декабр дар чор давр баргузор мешавад. Дар он хонандагону донишҷӯён ва магистрону аспирантҳову докторантҳо иштирок карда метавонанд.

Раҳмонзода рӯзи баргузории даври ниҳоии озмуни "Фурӯғи субҳи доноӣ..." - ро муайян кард

Ғолибони ин озмун дар чаҳор давр муайян ва аз сӯйи ҳукуматҳои маҳаллӣ қадрдонӣ мешаванд. Ба ғолибони давраи чорум аз ҷониби президент тӯҳфа ва мукофотпулӣ дода мешавад.

 

Мавзӯъҳои асосӣ