07:57 19 январи 2021
Пахши мустақим
  • USD11.30
  • EUR13.63
  • RUB0.15
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
161 0 0

Дар маҷмӯъ сирояти коронавирус дар муддати аз 30 апрел то 18 декабр 12888 ҳолатро ташкил медиҳад, омадааст дар гузориши вазорат

ДУШАНБЕ, 18 дек — Sputnik. Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Тоҷикистон омори нави сироят, шифоёбӣ ва марг аз коронавирусро дар кишвар нашр кард.

Чунончи, бино бар иттилои манбаъ, шабонарӯзи охир дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 36 ҳолати нави сирояти COVID-19 ба қайд гирифта шуд.

Гуфта мешавад, дар маҷмӯъ сирояти коронавирус дар муддати аз 30 апрел то 18 декабр 12888 ҳолатро ташкил медиҳад.

"Дар як шабонарӯзи охир 38 нафар пас аз табобат ба хонаҳояшон рухсат дода шуда, дар маҷмӯъ шумораи шифоёфтагон аз ин беморӣ дар Тоҷикистон ба 12333 (95,7%) баробар гардид. Бар асари ин беморӣ 89 нафар фавтидаанд", — афзудааст Вазорати тандурустии Тоҷикистон.

Даргузашти нахустин роҳбари сохтмони "Роғун" дар Маскав аз коронавирус

Нипҳод менависад, ки  Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати пешгирӣ ва табобати коронавируси нави CОVID-19 тамоми тадбир ва чораҳои заруриро амалӣ менамояд.

 

Мавзӯъҳои асосӣ