Хонандагони тоҷик дар олимпиадаи байналмилалӣ соҳиби ҷойҳои ифтихорӣ шуданд

Обуна шудан
Дар олимпиадаи мазкур аз 38 кишвари дунё, ах ҷумла аз Тоҷикистон низ зиёда аз 190 нафар хонандагон иштирок доштанд

ДУШАНБЕ, 19 дек — Sputnik. Хонандагони тоҷик дар Олимпиадаи байналмилалӣ аз фанни физика (IdPhO), ки  тариқи фосилавӣ баргузор гардид, иштирок намуда, соҳиби 3 ҷойи ифтихорӣ гардиданд.

Открытый урок к Международному дню мира прошёл в школе № 8 г. Душанбе - Sputnik Тоҷикистон
"Рекорд": хонандагони тоҷик 87 медал гирифтанд

Тавре аз маркази матбуоти Вазорати маориф ва илм иттилоъ доданд, дар олимпиадаи мазкур аз 38 кишвари дунё зиёда аз 190 нафар хонандагон иштирок доштанд.

Хонандагоне, ки дар Олимпиадаи байналмилалӣ аз фанни физика (IdPhO) ғолиб шуданд, таълимгирандагони Литсей-интернати тоҷикӣ-русии "Ҳотам ва ПВ" дар шаҳри Душанбе мебошанд.

Хонандаи синфи 11 Далер Пиров соҳиби ҷой 2-юм,  хонандаи синфи 10   Маҳмадхуҷа Камолиддинзода  ва хонандаи синфи 10   Абдураҳмон Абдулҳамидов соҳиби ҷойҳои 3-юм шуданд.

Ҳамчунин хонандаи синфи 11 Литсей-интернати тоҷикӣ-русии "Ҳотам ва ПВ" дар шаҳри Душанбе Яҳё Шамсиев ва хонандаи синфи 11 Литсей барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Душанбе Абдуллоҷон Юсупов соҳиби ифтихорнома гардиданд.

 

Лентаи хабарҳо
0