06:21 19 январи 2021
Пахши мустақим
  • USD11.30
  • EUR13.63
  • RUB0.15
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
266 0 0

Давоми 11 моҳи соли ҷорӣ нақшаи андоз дар вилояти Суғд  ба андозаи 94, 7 % таъмин гардида, аз ин ҳисоб 143, 1 миллион сомонии пешбинишуда ба буҷҷет ворид нашудааст

 ДУШАНБЕ, 19 дек – Sputnik. Ҳаҷми даромади маблағҳои буҷҷавӣ дар ин давра 2 миллиарду 694, 3 миллион сомонӣ пешбинӣ шуда буд, вале дар ин давра 2 миллиарду 551, 3 миллион сомонӣ ворид карда шудаст, ки нисбат ба нишондиҳандаҳои нақшавӣ 143, 1 миллион сомонӣ кам гуфта мешавад.

Масъулони Идораи андоз яке аз сабабҳои ба иҷро нарасидани нақшаи пардохти андозҳоро аз коҳишёбии ҳаҷми истеҳсолот дар замони пандемияи COVID-19 рабт медиҳанд.

“Корхонаҳои истеҳсол ва коркарди маъдан ҳисоб ва пардохтҳои андозиро нисбатан кам кардаанд, ки аз ин ҳисоб воридоти умумии буҷҷети вилоят ба дараҷаи 12, 4 % ва ё ба маблағи 564, 8 миллион сомонӣ кам шудааст”, - зикр намуд Воҳидов.

Вай афзуд, ки дар ин давра, барои дастгирии соҳаҳои иҷтимоию иқтисодӣ, соҳибкорони хурду миёна, табақаҳои алоҳидаи аҳолӣ ва соҳаҳои осебпазири иқтисодиёт як қатор имтиёзҳои андозӣ муқаррар гардид.

"Аз ҳисоби озодкунӣ ва кам намудни меъёри андозбандӣ ё таҳти таътил қарор гирифтани соҳаҳои алоҳидаи фаъолият маблағи муайяни андозҳо ба буҷҷет ворид нагардиданд", -таъкид кард Воҳидов.

Дар ҷаласаи шӯрои ҳамоҳангсозии прокуратураи вилояти Суғд таъкид гардид, ки ба истиснои шаҳру ноҳияҳои Истаравшан, Деваштич, Зафаробод, Шаҳристон ва Кӯҳистони Мастчоҳ дигар шаҳру ноҳияҳои вилоят иҷрои нақшаи андозро таъмин карда натавонистаанд.

Фурқат Хоҷазода, прокурори Суғд ба масъулони идораи андоз барои дарёфт намудани манбаъҳои андозбандишаванда дастур дод.

“4341 хоҷагиҳои деҳқонӣ, 700 нафар соҳибкорони бозорҳои “Сомон”, “Корвон” ва “700-солагии Ҳамадони” -и шаҳри Бӯстон бояд ба тибқи шаҳодатнома кор карда ба таври иловагӣ 560 ҳазор сомонӣ ба буҷҷет супоранд”, - гуфт прокурор.

Дар вилоти Хатлон қарзи андоз ба беш аз 191 миллиону 845 ҳазор сомонӣ расид

Мавзӯъи иҷро нашудани нақшаи даромадҳои андозӣ, дар ҷараёни ҷаласаи шӯрои ҳамоҳангсозии прокуратураи вилояти Суғд мавриди таҳлил ва баррасии масъулин қарор гирифт.

Ба гуфтаи иштирокчиён ҳарчанд бархе аз соҳибкорон дар замони хуруҷи пандемияи “вируси корона” фаъолияти худро муваққатан қатъ намуда аз ин ҳисоб масъулияти андозиро рӯйпуш намуданд, аммо дар ин миён пинҳонкории андозӣ яке дигар аз мушкили иҷрои нақшаи буҷҷа будааст.

“Руйпушкунӣ ҳаст, аммо пинҳонкунии андозӣ ҳам дар вилоят беҳад бисёр аст. Аз ҷумла дар соҳаҳои истеҳсолӣ. Аслан чигит бояд ба корхонаҳои равғанбарорӣ фурӯхта шавад, вале маълумотҳо ҳамагӣ 4, 2 % и ин маҳсулот ба корхонаҳо ворид шуда, боқимонда гуё ба мардум фурӯхта шудааст”, - гуфт Абдуқаюм Воҳидов, сардори Раёсати андоз дар Суғд.

Аз ин бармеояд, ки корхонаҳои равғанбарорӣ чигити истеҳсолшударо солҳои 2018, 2019 ва 2020 ба мардум фурӯхтем гуфта ҳуҷҷатгузорӣ карданд. Мушкилот дар ин самт хеле зиёд аст. Мо ҳамроҳи андозсупорандагон корбарӣ карда мушкилоти ҷойдоштаи андозӣ дар ин самтро бартараф карда истодаем, афзуд вай.

Барчаспҳо:
Кумитаи андоз, буҷа, даромад, нақша, андоз, Суғд

Мавзӯъҳои асосӣ