15:18 22 январи 2021
Пахши мустақим
  • USD11.30
  • EUR13.74
  • RUB0.15
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
47 0 0

Дар ноҳияи Кӯшониён дар 11 моҳи соли ҷорӣ аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои даромад бо харҷи 3 миллиону 190 ҳазор сомонӣ роҳҳои ноҳия таъмири асосӣ, ҷорӣ ва сангфарш шуданд

ДУШАНБЕ, 21 дек — Sputnik. Нурмуҳммад Қаҳҳоров, сардори муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди ноҳияи Кӯшониён ба рӯзномаи “Фараж” таъкид доштааст, ки дар ин давра 3 километру 277 метр роҳ таъмири асосӣ, 142 километр таъмири ҷорӣ, даҳо километр роҳ сангфарш гардида, пулу қубурҳо таъмир шуданд.

Ҳамзамон вай илова кардааст, ки омодагии муассиса ба фасли зимистон хуб буда, маводи зидди лағжиш, сару либос барои коргарон, хӯрокворӣ захира карда шуда, инчунин техникаҳои роҳдорӣ барои тоза кардани роҳҳо аз барф омода мебошанд.

Бонки аврупоӣ ба ВМКБ 28 адад техникаи роҳсозӣ дод

Ҳамзамон вай гуфт, дар умум дар мувозинаи ин идора 230,1 километр роҳ вобаста карда шудаст. Масъулони мақомоти ноҳия ва муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди ноҳияи Кӯшониён талош доранд, то ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии кишвар ҳолати хуби роҳҳои мошингардро пурра барои рафтуомади воситаҳои нақлиёт таъмин созанд.

Барчаспҳо:
ноҳия, таъмир, роҳ, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ