Тоҷикистон сохтмони мактабу боғча дар Ӯзбекистонро ба таъхир андохт

© Sputnik / Алексей Мальгавко / Гузариш ба медиабонкРабочие во время строительства, архивное фото
Рабочие во время строительства, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Тоҷикҳои вилоятҳои Самарқанду Фарғонаи Ӯзбекистон мунтазири баҳрабардорӣ аз мактаб ва боғчаи бачагонаи сохти Тоҷикистон ҳастанд

ДУШАНБЕ, 21 дек — Sputnik. Сафири Тоҷикистон дар Ӯзбекистон, Содиқ Имомӣ, ки ахиран ба вилояти Фарғона сафар карда буд иллати иба таъхир афтоданаи сохтмони мактабу боғчаи кӯдаконаро дар ин минтақа ба густариши вируси корона рабт дод. 

Сафир гуфтааст, ки бо бозгушоии марзҳои ду кишвари сохтмони ин ду марказ суръат хоҳад гирифт, иттилоъ додааст хабаргузории “Парстудей”.

Торжественное открытие здания средней школы № 33 в Спитаменском районе - Sputnik Тоҷикистон
Ӯзбекистон дар ноҳияи Спитамен мактаб бунёд кард

Ёдрас мешавем, ки дар соли 2018 Тоҷикистону Ӯзбекистон дар бораи сохтмонии мактаб, боғчаи бачагону бемористон дар қаламрави якдигар ба тавофуқ расиданд, ки Тошканд ба ваъдаи хеш амал кард ва мактаби сохти Ӯзбекистон имсол дар ноҳияи Спитамени вилояти Суғд ба баҳрабардорӣ расид.

Таҳсил бо узбакӣ дар 503 мактаби Тоҷикистон ва ташкили гуруҳи махсуси Вазорати маориф

Бемористони ваъдакардаи Ӯзбакистон дар ноҳияи Қубодиёни вилояти Хатлон низ омодаи ифтитоҳ аст.

Бо ин ҳол, сохти мактаб ва боғчаи бачагони ваъдадодаи Тоҷикистон дар вилоятҳои Самарқанду Фарғона ҳанӯз такмил нашудааст.

Лентаи хабарҳо
0