08:28 25 январи 2021
Пахши мустақим
  • USD11.30
  • EUR13.74
  • RUB0.15
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
33220

Имрӯз дар Қасри миллат мулоқоти раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Шӯрои Олии мусолиҳаи миллии Афғонистон Абдуллоҳ Абдуллоҳ баргузор шуд

ДУШАНБЕ, 22 дек - Sputnik. Бино бар иттилои дафтари матбуоти раисҷумҳури кишвар зимни мулоқот тарафҳо вазъи кунуниву дурнамои ҳамкории Тоҷикистону Афғонистонро баррасӣ гардид.

Манбаъ таъкид доштааст, ки раисҷумҳури Тоҷикистон бо истиқболи гарм аз музокироти сулҳи байниафғонӣ ва баргузории нахустин ҷаласаи Шӯрои Олии мусолиҳаи миллӣ, самимона хостори раванди ба даст овардани сулҳи деринтизор дар кишвари ба Тоҷикистон  дӯсту бародари Афғонистон шуд.

“Натиҷаҳои созандаи музокироти сулҳ на танҳо барои Афғонистон, балки барои тамоми кишварҳои минтақа ва ҷаҳон пайомадҳои нек дошта метавонад”,  - таъкид доштааст Эмомалӣ Раҳмон.

Ҳамзамон дафтари матбуоти раисҷумҳур қайд намудааст, ки ҷонибҳо зимни мулоқот оид ба амалҳои гурӯҳҳои гуногуни ифротӣ ва дигар шабакаҳои терроризми байналмилалӣ, ки барои Афғонистону минтақа манбаи асосии таҳдиду нигаронии ҷиддӣ аст, табодули андеша карда, тақвияти муборизаи муштаракро бо ҳама гуна зуҳуроти терроризм ва ифротгароӣ дар сатҳҳои мухталиф ва таҳкими минбаъдаи ҳамкории васеъ ва амалии кишварҳоро дар соҳаи амниятӣ зарур шумурданд.

“Аз муколамаи мунтазами сиёсии байни давлатҳо, ки омили муҳими баррасии масоили калидии муносибатҳои дӯстона ва роҳҳои таҳкиму тақвияти минбаъдаи онҳо дар ҳама арсаҳои қобили таваҷҷуҳи тарафайн мебошанд, изҳори қаноат карда шуд”, - зикр кардааст манбаъ.

Инчунин зимни баррасии масъалаҳои ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ татбиқи тарҳҳои дорои аҳамияти минтақавӣ ба хотири эҷоди долонҳои нави нақлиётию транзитӣ байни кишварҳо муҳиму зарурӣ унвон карда шуд.

Дар ҷараёни мулоқот гуфта шуд, ки дар шароити имрӯзаи пандемияи бемории сироятии короновирус пешниҳод гардид, ки дар самти пешгирии ин беморӣ ҳамкории дуҷониба дар соҳаи тандурустӣ тақвият бахшида шавад.

Эмомалӣ Раҳмон зимни мулоқот омодагии худро барои ба сатҳи сифатан нав баровардани ҳамкорӣ дар соҳаҳои илм, маориф, фарҳанг, ҳунар, иттилоот ва фаъолиятҳои иҷтимоӣ таъкид намудааст.

Дарфтари матбуоти раисҷумур қайд намудааст, ки дар ҷараёни мулоқоти самимӣ ҳамчунин дигар масъалаҳои барои ҳар ду ҷониб судманд мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Барчаспҳо:
терроризм, мубориза, мулоқот, Абдуллоҳ Абдуллоҳ, Эмомалӣ Раҳмон, Афғонистон, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ