00:26 26 январи 2021
Пахши мустақим
  • USD11.30
  • EUR13.73
  • RUB0.15
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
533 0 0

Вазорати корҳои дохилаи Русия барои нахустин бор аст, ки маълумот дар бораи хориҷиёне, ки ба сабаби онҳо садамаҳои нақлиётӣ дар ин кишвар рух медиҳад нашр кардааст. Дар ин феҳрист Тоҷикистону Ӯзбекистон дар зинаҳои аввал қарор доранд

ДУШАНБЕ, 22 дек — Sputnik. Дар Русия арқоми дақиқи садамаҳои нақлиётӣ бо иштироки шаҳрвандони хориҷӣ нашр шудааст, иттилоъ додааст рӯзномаи “Комерсант” дар истинод ба гузориши нуҳмоҳаи соли 2020 ВКД-и Русия.

Тибқи ин гузориш дар роҳҳои Русия бештар аз ҳама шаҳрвандони Ӯзбекситон дучори садама мешаванд. Шаҳрвандони ин ҷумҳурӣ дар 9 моҳи соли равон сабабгори 797 садама шуданд.

Ба ин феҳрист ҳамчунин шаҳрвандони Қирғизистон – 701 ҳолат ва Тоҷикистон 599 ҳола, Озарбойҷон – 282 ҳолат ва Арманистон бо 280 ҳолат ворид шуданд.

Беҳтарин ронандаҳо миёни атбои хориҷӣ, ки ба қоидаҳои ҳаракати роҳ риоя мекарданд, шаҳрвандони Афғонистон, Эстония ва Ҷопон дониста шуданд.

Дар ҳамин ҳол, дар садамаҳои нақлиётӣ бештар аз ҳама шаҳрвандони Тоҷикистон ҷон бохтанд. Дар садамаҳои нақлиётӣ дар роҳҳои Русия 76 шаҳрванди Тоҷикистон фавтидааст. Аммо бештар аз ҳама миёни атбои хориҷӣ шаҳрвандони Ӯзбекистон осеб диданд. Дар ин давра 1080 шаҳрвани Ӯзбекистон осеб дидааст.

Гуфта шудааст, ки дар давоми 9 моҳи соли равон дар Русия беш аз 4,15 миллион шаҳрвандони ин кишварҳо, ки 54 дарсади ҳамаи муҳоҷирон дар Русияро ташкил медиҳанд, ба қайд гирифта шудаст.

Ба гуфтаи ВКД-и Русия ин нишондиҳандаҳо аз он шаҳодат медиҳанд, ки сатҳи омоду намудани ронандаҳо дар ин кишварҳо суст ба роҳ монда шудааст.

“Инчунин ронандаҳое, ки дар токсиҳо кор мекунанд, қоидаи меҳнат ва истироҳатро риоя намекунанд ва то 14-16 соат кор мекунанд, ки сабабгори садама мешаванд”, - таъкид кардааст ВКД Русия.

Дар гузориши ВКД-и Русия ҳамчунин гуфта шудааст, ки суръати рушди садамаҳо дар роҳҳои кишвар ба сабаби пандемия, ки ҳаракатро яе каме маҳдуд карда буд коҳиш ёфтааст.

Дар маҷмӯъ садамаҳои нақлиётӣ, ки дар он шаҳрвандони хориҷӣ сабабгор мешуданд дар соли 2020 коҳиш ёфтааст. Дар умум шаҳрвандони кишварҳои ИДМ сабабгори 3 ҳазор садамаи нақлиётӣ шуданд.

Барчаспҳо:
феҳрист, садамаи нақлиётӣ, Русия, садама, Ӯзбекистон, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ