20:18 22 январи 2021
Пахши мустақим
  • USD11.30
  • EUR13.74
  • RUB0.15
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
48 0 0

Дар Хуҷанд дар 11 соҳи соли равон беш аз 2000 киллограмм маводҳои хӯрокаи пастисифат ва муҳлати истифодаашон гузашта аз марказҳои савдо ва нигоҳдошти молу маҳсулот мусодира карда шуданд

ДУШАНБЕ, 22 дек — Sputnik. Бино бар иттилои дафтари матбуоти раиси шаҳри Хуҷанд, дар Маркази назорати давлатии санитарию эпидемологии шаҳри Хуҷанд зиёда аз 500 кило маҳсулоти хӯрока, ширинӣ, шустушӯйии пастсифат ва муҳлаташ гузаштаю ба талаботи меъёрҳои беҳдоштӣ ҷавобгӯй набуда, баъди хулосаҳои судӣ санад карда шуда, баҳри маҳв намудан ба партовгоҳи шаҳри Хуҷанд фиристода шуд.

Манбаъ қайд намудааст, ки ин маҳсулот дар натиҷаи бурдани корҳои тарғиботию ташвиқотӣ ва гузаронидани мониторинг дарёфт ва аз ҷониби соҳибкорон ва ширкатҳо ихтиёран ба Маркази назорати давлатии санитарию эпидеологии шаҳри Хуҷанд бо мақсади маҳвнамоӣ супорида шудааст.

Ҳамзамон манбаъ зикр кардааст, ки дар давоми 11 моҳи соли равон аз ҷониби Маркази назорати давлатии санитарию эпидемологии шаҳри Хуҷанд беш аз 2000 киллограмм маводҳои хӯрокаи пастисифат ва муҳлати истифодаашон гузашта аз марказҳои савдо ва нигоҳдошти молу маҳсулот мусодира карда шуданд.

“Ин ҳама маҳсулоти пастсифатро баъди хулосаи судӣ ва мақомоти дахлдор бо таҳияи санадҳои лозимӣ дар минтақаи партовҷамъкунии шаҳри Хуҷанд бо роҳи сӯзонидан несту нобуд намуданд”, - таъкид доштааст дафтари матбуоти раиси шаҳри Хуҷанд.

Ҳамзамон шаҳрдори Хуҷанд аз ширкатҳои воридкунандаи маҳсулот ва фурӯшандагон даъват кардааст, ки саломатии миллатро, аз ҳар гуна манфиат болотар донанд ва аз ворид намудани чунин маводи пастсифат ва фурӯши он худдорӣ намоянд.

Барчаспҳо:
Хуҷанд, маҳв, мусодира, муҳлат, маводи хӯрока, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ