09:23 18 январи 2021
Пахши мустақим
  • USD11.30
  • EUR13.70
  • RUB0.15
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
140 0 0

Дар ярмаркаи мазкур шуъбаву бахшҳои Агентии меҳнат ва шуғли аҳолии шаҳру ноҳияҳои Хатлон беш аз 225 ҷойҳои нави кориро пешниҳод намуда, танҳо 43 нафар тавонистанд, ки аз рӯйи ихтисос ва касб бо ҷойи кори доимӣ роҳхат пайдо намоянд

ДУШАНБЕ, 23 дек — Sputnik. Дар мардикорбозори шаҳри Бохтар ярмаркаи ҷойҳои корӣ ташкил карда шуд, иттилоъ медиҳад Вазорати меҳнат ва шуғли аҳолии Тоҷикистон.

"Иқдоми мазкур дар доираи мулоқоти Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон Ширин Амонзода бо корҷӯёни шаҳри Бохтар роҳандозӣ карда шуда, беш аз 225 ҷойҳои нави кории холӣ барои корҷӯёни шаҳри Бохтар пешниҳод карда шуд", - менависад манбаъ.

Гуфта мешавад, дар ярмарка шуъбаву бахшҳои Агентии меҳнат ва шуғли аҳолии шаҳру ноҳияҳои Бохтар, Левакант, Вахш, Кӯшониён, Ҷалолиддини Балхӣ, Хуросон ва Абдураҳмони Ҷомии вилояти Хатлон ҷойҳои нави кориро пешниҳод карданд.

"Беш аз 225 ҷойҳои нави кориро пешниҳод гардида, танҳо 43 нафар тавонистанд, ки аз рӯйи ихтисос ва касб бо ҷойи кори доимӣ роҳхат пайдо намоянд", - афзудааст манбаъ.

Дар ярмаркаи мазкур Маркази таълимии калонсолони шаҳри Бохтар аз миёни корҷӯёни хоҳишманд 274 нафарро барои омӯзиши курсҳои кутоҳмуддат ҷалб намуда, бақайдгирии хоҳишмандон дар маркази корҷӯёни шаҳри Бохтар то мавсими оғози курсҳои омӯзишии калонсолон идома меёбад.

Таъсир ба бозори “мардикорон” -и Хуҷанд: COVID-19 нархи корҳоро арзон кард

Курсҳои омӯзишӣ барои корҷӯёни шаҳри Бохтар дар Маркази касбомӯзии калонсолони шаҳри Бохтар аввали моҳи январи соли 2021 оғоз гардида, пас аз хатми курс довталабон бо шаҳодатнома ва ё дипломи хатми курс аз рӯи ихтисос дода мешавад.

Мавзӯъҳои асосӣ