17:08 16 январи 2021
Пахши мустақим
  • USD11.30
  • EUR13.70
  • RUB0.15
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
46 0 0

То ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд 100 адад майдончаи варзишӣ бунёд ва ба истифода дода мешаванд

ДУШАНБЕ, 24 дек — Sputnik. Ахиран Фирдавс Шарифзода, раиси шаҳри Хуҷанд ба масъулин супориш дод, ки иншооти варзишӣ бештар дар маҳаллаҳои шаҳр сохта шаванд, то он барои тарғибу ташвиқи тарзи ҳаёти солим ва оммавигардонии варзиш, хусусан миёни ҷавонону наврасон мусоидат намояд, иттилоъ додааст маркази матбуоти раиси шаҳри Хуҷанд.

Таъкид гардидааст, ки дар шаҳри Хуҷанд корхонаи муштараки “Арча-мебел”, воқеъ дар Минтақаи озоди иқтисодии “Суғд” фаъолият мекунад, ки яке аз самтҳои корхона тайёр кардани дастгоҳҳо барои тамрин мебошад.

Айни замон корхонаи мазкур ба истеҳсоли 20 намуд таҷҳизоти гуногуни варзишӣ ва фароғатӣ машғул буда, бо нархҳои дастрас онро вориди бозори дохилӣ менамояд. Инчунин мувофиқ ба завқи мизоҷон ва фармоишоти гуногуни дастгоҳҳои машқу тамринӣ истеҳсол мекунанд.

Корхонаи мазкур барои таҷҳизонидани майдончаҳои футболи хурд, волейбол ва баскетбол, майдончаҳои хурди кўдакона ва истироҳату фароғат низ иқтидорҳои кофӣ дошта, барои амалинамоии фармоишот заминаи мусоид дорад.

Раиси шаҳри Хуҷанд аз роҳбарони корхонаи “Арча-мебел” даъват кардааст, ки барои пешниҳоди лоиҳаҳои мушаххаси майдончаҳои варзишӣ бо назардошти маҷмӯи таҷҳизоти машқу тамрин бо сифати баланд корро дар ин самт оғоз намоянд.

Барчаспҳо:
майдони варзишӣ, майдон, бунёд, Хуҷанд, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ