14:51 18 январи 2021
Пахши мустақим
  • USD11.30
  • EUR13.70
  • RUB0.15
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
401 0 0

Муассисаи "Россотрудничество" назарсанҷии гузаронидаашро дар бораи он, ки дар кадом кишварҳо Русияро бештар дӯст медоранд, ҷамъбаст кардааст

ДУШАНБЕ, 24 дек — Sputnik. Тоҷикистон дар байни кишварҳои ИДМ, ки беш аз ҳама Русияро дӯст медоранд, ҷои аввалро гирифтааст. 

Муассисаи фарҳангиву илмии Русия "Россотрудничество" назарсанҷиашро таҳти саволи "Дар кадом кишварҳо Русияро бештар аз ҳама дӯст медоранд?" ҷамъбаст кардааст.

Дар натиҷа маълум шудааст, ки дар ин озмун ҷои аввалро Тоҷикистон гирифтааст. Ҷои дувум насиби Сербия ва ҷои севумро Арманистон ба даст овардааст.

Байни дигар кишварҳое, ки бо Русия муносибати хуб доранд, Қазоқистон, Қирғизистон, Молдова, Сирия, Украина, Булғория ва Чин ворид шудаанд.

Шояд ин муҳаббати тоҷикистониён нисбати кишвари дӯст беҳуда набошад. Зеро пештар "Россотрудничество" дар бораи ироаи кӯмакҳои башардӯстона ба мактабҳои Тоҷикистон, аз ҷумла китоб гузориш дода буд.

Русия барои сохтмони мактабҳои русӣ дар Тоҷикистон 30 миллион доллар ҷудо кард

"Роспотребнадзор" бошад барои ташхиси коронавирус дар кишвар ҳуҳуди 50 ҳазор тест равон карда буд.

Барчаспҳо:
Русия, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ