21:31 22 январи 2021
Пахши мустақим
  • USD11.30
  • EUR13.74
  • RUB0.15
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
1142 0 0

Шумораи фавтидагон аз бемории коронавирус дар Тоҷикистон, мутаассифона, ба як тани дигар афзуда, тибқи иттилои вазорат марг аз коронавирус рӯзи гузашта сабт шудааст

ДУШАНБЕ, 26 дек — Sputnik. Вазорати тандурустии Тоҷикистон омори нави гирифторӣ, шифо ва марг аз коронавирусро дар Тоҷикисмтон нашр кард.

Бино бар иттилои манбаъ, шабонарӯзи гузашта як бемори коронавирус вафот карда, табибон натавонистанд, ки ӯро наҷот диҳанд.

Ҳамин тавр, дар умум аз охири моҳи апрел то имрӯз, 26 декабр аз маризии СOVID - 19 дар кишвар 90 тан ҳалок шуданд.

Ҳамчунин, шабонарӯзи гузашта дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 34 ҳолати нави сироятёбӣ ба COVID-19 ба қайд гирифта шуда, дар муддати аз 30 апрел то 26 декабр шумораи гирифторони коронавируси нав ба 13127 нафар расид.

КОВИД-19 дубора авҷ мегирад? вазъи ваҳими эпимедиологӣ дар Аврупо

Ба иттилои манбаъ, давоми шабонарӯзи охир 39 нафар пас аз табобат ба хонаҳояшон рухсат дода шуда, дар маҷмӯъ шумораи шифоёфтагон аз ин беморӣ дар Тоҷикистон ба 12657 (96,1%)  баробар гардид. 

Мавзӯъҳои асосӣ