00:25 21 январи 2021
Пахши мустақим
  • USD11.30
  • EUR13.68
  • RUB0.15
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
637 0 0

Абдулқодир Мавлодод, муовини раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикис­тон, дар парлумон тағйирот ба қонунгузориро муаррифӣ кард, ки бар асоси он назораткунандаи истифода ва ҳифзи захираҳои об дар ҷумҳурӣ мушаххас шуд

ДУШАНБЕ, 27 дек — Sputnik. Абдулқодир Мавлодод ҳафтаи равон дар парлумон гуфт, соли 2008, баъд аз қабули Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Тоҷикистон дар таҳрири нав, баррасии моддаҳои 173, 174, 175, 176, 178 ва 179 ба салоҳияти “Мақомоти ҳифзи захираҳои об” дода шуд. Ӯ афзуд, вале то ҳол дар ҷумҳурӣ чунин мақомот, ки мебоист назорати давлатиро дар алоҳидагӣ амалӣ намояд, вуҷуд надорад.

“Аз ин лиҳоз, 12 соли охир моддаҳои зикршуда дар амал татбиқ нагардиданд, яъне баррасии парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурии онҳо ба ягон мақоми ваколатдори давлатӣ вогузор карда нашуд”, - хабар дод нашрияи парлумонии “Садои мардум” аз қавли Мавлодод.

Ӯ илова намуд, ки  обҳои рӯизаминӣ ва зеризаминӣ ҳамчун объекти ҳифзи муҳити зист маҳсуб ёфта, онҳо аз ифлосшавӣ, вайроншавӣ, осеб дидан, камшавӣ, харобшавӣ ва дигар таъсири номатлуби фаъолияти хоҷагидорӣ ҳифз карда мешаванд.

Ба гуфтаи Мавлодод,  тибқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии мавҷуда, мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи ҳифзи муҳити зист ягона мақомотест, ки назорати давлатиро дар самти истифода ва ҳифзи захираҳои об пеш мебарад. Бинобар ин ӯ зарурати тағйирот ба Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Тоҷикистонро таъкид намуд.

Вакилони Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон ба салоҳияти мақомоти ҳифзи муҳити зист мансуб донистани назорати истифодаи захираҳои обро қабул карда, банди марбут ба мақомоти ҳифзи захираҳои обро лағв карданд.

Барчаспҳо:
об, истифода, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ