06:41 19 январи 2021
Пахши мустақим
  • USD11.30
  • EUR13.63
  • RUB0.15
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
1329 0 0

Субҳи имрӯз бо дастури раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон раиси шаҳри Хуҷанд як қатор бонувони шинохтаи соҳаҳои фарҳангу адабиётро аёдат кард

ДУШАНБЕ, 28 дек — Sputnik. Бино ба иттилои дафтари матбуоти раиси шаҳри Хуҷанд, дар арафаи таҷлили Соли нави мелодӣ Раиси шаҳри Фирдавс Шарифзода як қатор бонувони шинохтаи шаҳр, аз ҷумла Шаҳрванди фахрии шаҳри Хуҷанд Ҳунарпешаи мумтози театру кинои тоҷик, Хунарманди мардумии Тоҷикистон Сайрам Исоева, Шоири халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Рўдакӣ, Устод Фарзона, Корманди шоистаи Тоҷикистон, Шаҳрванди фахрии шаҳри Хуҷанд Хосият Зокирова, собиқадори меҳнат Тӯтинисо Комилова ва дигарон аёдат кард.

Ба иттилои манбаъ, зимни боздид шаҳрдор бонувонро бо Соли нави мелодӣ табрик намудааст.

Ҳунарманди мардумии Тоҷикистон Сайрам Исоева, Шоири халқии Тоҷикистон, Фарзона, Корманди шоистаи Тоҷикистон, Хосият Зокирова ва собиқадори меҳнат Тӯтинисо Комилова, дар дидор бо раиси шаҳр зикр намуданд, ки минбаъд низ бо андешаи ватандӯстиву ватанпарварӣ ва ҳамдилу ҳамқисматӣ дар тарбия ва баланд бардоштани ҳисси меҳанпарварии шаҳрвандон саҳмгузорӣ хоҳанд намуд.

Зимни дидор раиси шаҳри Хуҷанд қайд кардааст, ки ҳадафи аслӣ  дар навбати аввал баланд бардоштани сатҳи маърифати шаҳрвандон, хусусан наврасону ҷавонон, таблиғи тарзи ҳаёти солим дар байни онҳо, таҳкими худогоҳиву худшиносии мардум, тарбияи наслҳои солиму огоҳ, тақвияти минбаъдаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ мебошад.

Вай ваъда додааст, ки дар соли нави 2021 барои гул-гулшукуфии Тоҷикистон дастҷамъона саъю талош хоҳанд кард.

Барчаспҳо:
раиси шаҳри Хуҷанд, Фарзона, бонувон, Сайрам Исоева, Хуҷанд, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ