Аҳмадзода: умедворам омӯзгорони рус барои рушди муносибатҳо бо Русия кумак мерасонанд

© пресс-служба Совета Федерации РФПредседатель области Раджаббой Ахмадзода
Председатель области Раджаббой Ахмадзода  - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо омӯзгорон аз Русия, ки дар муассисаҳои таълимии вилояти Суғд ба таълиму тадриси толибилмон машғуланд, мулоқот намуд

ДУШАНБЕ, 28 дек — Sputnik. Бино ба иттилои дафтари матбуоти мақомоти вилояти Суғд, Раҷаббой Аҳмадзода, раиси вилоят  зимни мулоқот таъкид доштааст, ки дар Тоҷикистон ба забони русӣ чун забони муоширати байни миллатҳо таваҷҷуҳи зарурӣ дода мешавад.

Тотальный диктант в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон
Русия барои овардани омӯзгорони рус ба Тоҷикистон ҳавопаймои вижа мефиристад

Ба иттилои манбаъ, дар Тоҷикистон дар сатҳи қонунгузорӣ  “Барномаи давлатии такмили таълим ва омӯзиши забони русӣ ва англисӣ дар Тоҷикистон барои солҳои 2015– 2020” тасдиқ гардида, дар меъёрҳои давлатии таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ ба забони русӣ мақоми фанни ҳатмӣ дода шудааст ва онро дар тамоми мактабҳои таҳсилоти умумӣ, шуруъ аз синфи дуюм меомӯзанд.

Таъкид гардид, ки дар асоси Созишномае, ки байни Ҳукумати Тоҷикистон ва Ҳукумати Русия оид ба сохтмон ва муҷаҳҳазгардонии моддию техникии муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ имзо шудааст, дар шаҳрҳои Душанбе, Кӯлоб, Хуҷанд, Бохтар ва Турсунзода мактабҳои нав, ки таҳсилашон ба забони русӣ аст, бунёд мегардад.

Раҷаббой Аҳмадзода ҳамзамон оид ба вазъи иҷтимоиву иқтисодии вилоят ба омӯзгорони рус маълумот дода,  қайд намуд, ки вилояти Суғд дар доираи созишномаҳои дуҷониба бо минтақаҳои гуногуни Русия, аз ҷумла Нижегород, Оренбург, Саратов, Астрахан, Иваново, Свердловск, Алтай, Доғистон ҳамкориҳои самаранок дорад.

“Ҷонибҳо аз имкониятҳои мавҷуда дар соҳаҳои саноату кишоварзӣ ва илму маориф барои таҳқими ҳамкориҳо аз тамоми имониятҳо истифода менамоянд”, - таъкид доштааст Аҳмадзода.

Раиси вилояти Суғд изҳори боварӣ намудааст, ки омӯзгорони рус дар баробари таълими фанҳо бо забони русӣ барои таҳкими муносибатҳои дӯстонаи мардуми тоҷику рус низ хизмат менамоянд.

Тибқи иттилои манбаъ, дар доираи муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Русия дар соҳаи маориф ва илм 14 нафар омӯзгорони рус дар муассисаҳои таълимии шаҳру навоҳии вилоят ҳузур доранд

Омӯзгорони рус ба хонандагони вилоят фанҳои забон ва адабиёти рус, биология, кимё, математика, алгебра, геометрия, технологияи иттилоотӣ, география дарс медиҳанд.

Лентаи хабарҳо
0