Обуҳавошиносон ҳавои чанд рӯзи ахири соли 2020-ро пешбинӣ карданд

© © Sputnik / Амир ИсаевДети зимой в Душанбе, архивное фото
Дети зимой в Душанбе, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ҳавои сард, аммо усулан офтобӣ давоми нахустин рӯзҳои ҳафтаи пешазсолинавӣ боқӣ мемонад. Боришот дар назар дошта нашудааст

ДУШАНБЕ, 28 дек — Sputnik. Ҳавошиносон мегӯянд, ки дар Тоҷикистон аввали ҳафта ҳаво тағйирёбанда шуда, боришот дар назар дошта нашудааст, аммо гоҳ-гоҳ туман мефарояд.

Продажа елок в подземном переходе в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон
Рустами Эмомалӣ гуфт, соли 2021-ро Душанбе чи гуна пешвоз гирад

Дар ин бора Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон гузориш медиҳад.

Дар Душанбе то нисфи рӯз ҳаво абриву сард бошад ҳам, пас аз зуҳр ҳавои офтобӣ пешбинӣ мешуд.

Ҳарорат шабона то -9 дараҷа сард ва рӯзона то -4 дараҷа хунук мешавад.

Дар ноҳияҳои тобеи марказ ҳамчунин фаромадани туман дар назар дошта шуда, шамол аз ҷониби ғарб то 8 метр сония мевазад. Аммо аллакай фардо, 29 декабр ҳаво офтобӣ мегардад.

Дар водиҳо шабона аз -3 то -8 сард, ва рӯзона то +2 дараҷа гарм хоҳад шуд.

Дар кӯҳҳо шабона аз -13 дараҷа то -20 дараҷа, рӯзона то -7 дараҷа сард мешавад.

Дар ҷануби кишвар, дар вилояти Хатлон дар водиҳо шабона то - 8 дараҷа сард ва рӯзона то аз -2 дараҷа то +3 дараҷа мешавад.

Дар ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳаво абрӣ шуда, гоҳе офтобӣ ва бештар бебориш мегардад.

Ҳарорат дар ғарби ВМКБ шабона то -12 дараҷа сард ва рӯзона то -7 дараҷа хунук мешавад, дар шарқи кишвар, ки сардтарин минтақаи кишвар аст, то -34 дараҷа хунук мешавад.

Маълум шуд, ки дар Соли нав барф меборад ё не

Дар шимоли кишвар, дар вилояти Суғд шабона дар ноҳияҳои алоҳида барф меборад ва туман мефарояд. 

Ҳарорат дар водиҳо шабона то -6 дараҷа сард ва рӯзона аз -3 дараҷа сард то +2 дараҷа мешавад. Дар кӯҳҳо шабона то -13 дараҷа мешавад.

Фардо дар Хуҷанд ҳавои абрӣ ба офтобӣ табдил меёбад. 

Пештар ҳавошиносон гуфта буданд, ки чунин ҳаво то 30 декабр идома меёбад ва сипас ҳавои соф барқарор мегардад.

Лентаи хабарҳо
0