Эмомалӣ Раҳмон рамзи 20 – солагии таъсиси СҲШ - ро тасдиқ кард - акс

© © Sputnik / Михаил ПалинчакПодпись документов
Подпись документов - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар нақша аст, ки роҳбарони кишварҳои узви ин созмон соли оянда 20-солагии СҲШ-ро дар шаҳри Душанбе таҷлил намоянд

ДУШАНБЕ, 29 дек — Sputnik. Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон рамзи 20 – солагии таъсиси Созмони ҳамкории Шонҳойро тасдиқ намуд, хабар медиҳад, котиботи раичиҷмуҳқр.

Бино ба гузориши мнбаъ, рамзи мазкур дар намуди адади "20" дар шакли мудаввар кашида шуда, дар қисми болоии он парчамҳои давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шонҳой тасвир ёфтааст.

© Котиботи президенти ТоҷикистонРамзи 20 – солагии таъсиси СҲШ
Эмомалӣ Раҳмон рамзи 20 – солагии таъсиси СҲШ - ро тасдиқ кард - акс - Sputnik Тоҷикистон
Рамзи 20 – солагии таъсиси СҲШ

Дар қисми поёнӣ – атлас, ҳамчун нишонаи фарҳанги мардуми тоҷикон ва дар мобайни он навиштаҷоти Душанбе 2021 ҳамчун макони баргузории чорабинӣ тасвир ёфтаанд.

Дар ҳалқаи дуюм навиштаҷоти Созмони ҳамкории Шанхай ба забонҳои русӣ ва чинӣ ҷой дода шудааст. Дар маркази давра сайёраи Замин тасвир ёфтааст.

Қарори Ҳукумат: сабукӣ барои бунёди 10 қабулгоҳи президентҳо дар Душанбе

Ианбаъ афзуда, ки вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо, воситаҳои ахбори омма метавонанд ба сифати намуна аз рамзи 20 – солагии таъсиси Созмони ҳамкории Шонҳой, ки дар сомонаи Президент ҷойгир шудааст, васеъ истифода баранд.

Флаг с эмблемой саммита ШОС - Sputnik Тоҷикистон
Эрон аз СҲШ хостори муҳокимаву муҷозоти муртакибони террори Муҳсини Фахризода шуд

Ёдрас мешавем, ки пештар Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, бо имзои қарори Ҳукумат молу маҳсулотеро, ки барои бунёди 10 бӯстонсаро ворид мешаванд, аз пардохти боҷу андоз озод кард.

Дар қарор омадааст, ки 10 бӯстонсаро барои қабули меҳмонҳои баландпоя, сарони кишварҳои узви Созмони ҳамкории Шонҳой дар хиёбони Рӯдакии пойтахт, дар канори бӯстонсарои ҳукумати Тоҷикистон бунёд мегарданд.

Тасмими бунёди қабулгоҳҳои махсуси меҳмонҳои баландпояи СҲШ дар Душанбе дар ҳолест, ки ахиран раёсат дар Созмони ҳамкории Шонҳой аз Русия ба Тоҷикистон гузашт. Дар нақша аст, ки роҳбарони кишварҳои узви ин созмон соли оянда 20-солагии СҲШ-ро дар шаҳри Душанбе таҷлил намоянд.

Лентаи хабарҳо
0