21:32 22 январи 2021
Пахши мустақим
  • USD11.30
  • EUR13.74
  • RUB0.15
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
1562 0 0

Раиси Агентии авиатсияи Тоҷикистон Икром Субҳонзода,афзудааст, гуфтушунидҳо дар атрофи ин масъала идома доранд

ДУШАНБЕ, 29 дек — Sputnik. Мақомоти тоҷик изҳори умедворӣ мекунанд, ки парвозҳои мунтазам байни Тоҷикистону Русия дар ояндаи наздик барқарор шаванд.

Тавре раиси Агентии авиатсияи Тоҷикистон Икром Субҳонзода ба "Ховар" гуфтааст, гуфтушунидҳо атрофи ин масъала бо ҷониби Русия идома доранд.

"Мақомоти авиатсионии Тоҷикистон бо мақомоти марбутаи  авиатсионии кишвари зикршуда, бо мақсади барқарор намудани парвозҳои мунтазам гуфтушунидҳоро идома дода,  интизор меравад, ки дар ояндаи наздик ба мувофиқа расанд", - омадааст дар изҳороти вай.

Икром Субҳонзода афзудааст, чунин гуфтушунидҳо бо ҷониби Ӯзбекистон ва Чин низ идома доранд.

Алҳол аз Тоҷикистон ба шаҳрҳои Русия аз ҷониби ширкати ҳавопаймои "Сомон Эйр" дар як рӯз чор — панҷ парвозҳои чартерӣ сурат мегиранд.

Боз як кишвар парвозҳоро барқарор мекунад - бо Тоҷикистон чӣ?

Инчунин мақомоти авиатсионии Тоҷикистон ҷиҳати анҷоми парвозҳои чартерӣ аз Русия ба Тоҷикистон ба ширкатҳои ҳавопаймоии "Ют Эйр", "Урал", "Северный ветер" ва "Сибирь" иҷозат додааст.

 

Мавзӯъҳои асосӣ