15:30 21 январи 2021
Пахши мустақим
  • USD11.30
  • EUR13.68
  • RUB0.15
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
208 0 0

Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон аз миёни ҳамтоёни худ нахустин шуда, табрикоти Соли навии худро ироа кард

ДУШАНБЕ, 30 дек — Sputnik. Раиси ВМКБ Файзов Ёдгор дар паёме тамоми мардуми Тоҷикистонро бо фарорасии Соли нави мелодӣ табрик намуд. Ба изҳори ӯ, мардуми тоҷик новобаста ба мушкилотҳои соли ҷорӣ, Соли навро дар фазои сулҳу салоҳ ва тинҷиву оромӣ пешвоз мегиранд.

Ӯ таъкид намуд, ки соли 2020 дар таърихи башарият ба хотири сар задани бемории сироятии коронавирус ва фавти зиёди одамон аз ин беморӣ соли фоҷеабор омад.

"Ба замми ин пандемия ба иқтисоди ҷаҳон, аз ҷумла ба ҷумҳурӣ ва вилояти мо низ таъсири манфии худро гузошт ва барои расидан ба бисёр ҳадафҳои рушд барои мо монеаи ҷиддӣ ба бор овард", - афзудааст Файзов.

Раиси вилоят махсус қайд кард, ки аз сабаби зимистони бебарф ва баҳору тобистони нисбатан сард, дар ҷумҳурӣ камчинии об, барқ ва ҳамчунин талаф ёфтани ҳосилот шуд, ки оқибати нохушаш имрӯзҳо хуб ҳис мешавад.

Аммо новобаста ба мушкилоти соли ҷорӣ, Файзов мегӯяд, ин сол барои ВМКБ бобарор ҳам буд, зеро вилоят ба як қатор пирӯзиҳои назаррас ноил шуд.

Ба гуфтаи ӯ, сафари раисҷумҳури Тоҷикистон ба Бадахшон, дар як рӯз иҷро намудани нақшаи сафарбаркунии ҷавонон ба сафи қувваҳои мусаллаҳ, таҳкими таъмини волоияти қонун ва муаррифӣ намудани вилоят ҳамчун як минтакаи амн ва таърихии Тоҷикистон, таъмини корҳои зиёди созанда ва бунёдкорӣ, афзун намудани маблағи иншоотҳои сохташаванда, пардохти маош ва нафақа дар шароити буҳрони шадиди иқтисодӣ, ҳамкории густурда бо институтҳои молиявӣ ва шарикони рушд баҳри амали намудани як қатор барномаҳои инвеститсиониву иҷтимоӣ ва ғайрахо музаффариятҳои чашмраси соли 2020 мебошанд.

Ёдгор Файзов гуфт, ки чигуна Тоҷикистон тавонист коронавирусро пешгирӣ кунад

Раиси Бадахшон дар паёми табрикотии худ саҳм ва заҳмати пизишконро дар замони пандемия махсус таъкид карда, гуфт "хизмати бесобиқаи табибону ризокорон, дастгирии моддӣ аз тарафи роҳбари давлат ва ҳукумат, минҷумла Вазорати тандурустӣ, соҳибкорону шахрвандони оддӣ чӣ дар дохил ва чӣ берун аз ватан, донорҳо ва шарикони рушд, бахусус ташкилотҳои Волоҳазрат Оқохон дар мубориза бо пандемия ва зинда мондани шаҳрвандони мо, дар таърихи ин сол бо хати зарҳалин навишта хоҳад шуд".

Файзов Ёдгор ба тамоми мардуми Тоҷикистон зиндагии пурнишот, ризқи фаровон, саломативу иқболи нек таманно намуд.

Барчаспҳо:
Соли нав, табрикот, Бадахшон

Мавзӯъҳои асосӣ