02:48 01 марти 2021
Пахши мустақим
  • USD11.30
  • EUR13.69
  • RUB0.15
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
1397 0 0

Ҷузъиёти табрикоти Владимир Путин, раисҷумҳури Русия ба президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон интишор шуд

ДУШАНБЕ, 30 дек — Sputnik. Дар сомонаи расмии хадамоти матбуоти Президенти Русия табрикоти Владимир Путин ба сарони давлатҳои кишварҳои мухталиф нашр шудааст.

Владимир Путин, дар паёми табрикотиаш ба Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон хостори рушди ҳамкориҳои пай дар пайи стратегӣ ва шарикӣ миёни Маскав ва Душанбе шудааст.

"Муколамаи созандаи сиёсӣ густариш меёбаду лоиҳаҳои мутақобилан судманд дар соҳаҳои гуногун амалӣ хоҳанд шуд", - гуфт Путин.

Инчунин, дар паёми табрикотиаш Президенти Русия изҳори боварӣ кардааст, ки фаъолияти пурсамари Русияву Тоҷикистон дар самти масъалаҳои мубрами дуҷониба, инчунин ҳамоҳангсозии наздик дар ИДМ, СПАД ва СҲШ дар соли оянда, идома хоҳад ёфт.

Ёдрас мешавем, ки қаблан руасои ҷумҳури Русия ва Тоҷикистон суҳбати телефонӣ доштанд, ки дар ҷараёни он ду роҳбар якдигарро ба фарорасии Соли нави милодӣ табрик гуфтанд.

Ғайр аз табрико роҳбари ду давлат масъалаҳои мубрами рӯз ва муҳимтарин рӯйдодҳои соли гузаштаро низ баррасӣ карданд.

Барчаспҳо:
Раисҷумҳур, Путин, Владимир Путин, Эмомалӣ Раҳмон, Русия, табрикот, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ