20:38 22 январи 2021
Пахши мустақим
  • USD11.30
  • EUR13.74
  • RUB0.15
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
392 0 0

Маълум аст, ки дар шаби Соли нав мӯъҷизаҳо рух медиҳанд, ҳодисаҳои аҷибу хандаовар дар марҳилаи омодагӣ маъмулиянд

Юрий Четвергов

Баъди бозгашт аз сафи артиши шӯравӣ ва барқароршавии муваффақона ба донишкада, ман машғули шӯру тафреҳоти ҷавонӣ шудам.

Дӯстони сершумор, аз ҷумла духтарҳо, ки тайи ду сол аз таваҷҷуҳам маҳрум буданд, талош ҷуброни онро доштанду ман ҳам овораи муошират бо дӯстон будам. Ба хона нимаҳои шаб бармегаштам, баъзан дар ҳолати сархӯшӣ, дар лексияҳо чандон иштирок надоштам.  Ба ҳамин минвол муваффақ нашудан дар сессияи зимистона ногузир буд.

Модарам чунин ҳолатро як моҳи расо тоқат карду сипас бо меҳри модарияш ба “буғӣ” карданам оғоз намуд. Падар дахолат намекард, ҳатто ба хотири ҳамраъйии мардон. Ман ҳам дароз муқобилият нишон надодам.

Ду роҳи раҳоӣ вуҷуд дошт, ки яке хонадоршавӣ ва дигаре ба коре шурӯъ карданд. Ба далелҳоям, ки донишҷӯи бахши рӯзонааму на ғоибона посух омад, ки метавон дар ним баст кор кард. Мантиқан фикр кардам, ки хонадоршавӣ барои тамоми умр ( ҷавони сода) аст кор ҳадди аксар то хатми донишкада (2 сол) қотеона дуюмиро интихоб намудам.

Ихтисоси сабти низомӣ, ки дар артиш гирифтам, дар ҳаёти мулкӣ бароям коромад набуд. Шаҳодатномаи ронандагӣ низ доштам, аммо ронандаҳо одатан реҷаи кории ноустувор доранд ва умед доштам, ки бо ин масъалаи кор анҷом меёбад.

Тавре маълум шуд, ман ба эҷодкории модарам ба ҳадди лозимӣ қоил набудаам. Дар рӯзи сеюми баъди созиши тақдирсозамон, модар ба ман суроғаи дугонаи деринаашро дод, ки дар радиои ҷумҳурӣ кор мекард. Бо роҳнамоии модар ман пеши дугонааш рафтам.

-Ҳозир шудӣ? – бо оҳанги ҳарбӣ суол кард ӯ ва аз сар то по маро аз назар гузаронд.

-Ҳозир фариштаҳо мешаванд – талоши ҳазл кардам ман.

-Шӯх будаӣ, - истиқбол кард зан ва илова намуд, ки ислоҳ мекунем.

Тавассути роҳравҳои зиёди Хонаи радио, бо фармонҳои “ба рост, ба чап, боло бо зинапояҳо” ҳаракат мекардем ва ман ғайриихтиёр дастҳо ба пушту сар хам карданӣ шудам, аммо худдорӣ намудам.

Дар охири масир, утоқе буд, ки дар пеши он овезаи “Ровиён” насб шуда буд. Болои мизи Т-монанде марди гирдчеҳрае менишаст, ки бо иштиҳо чебурек мехӯрду варақҳоеро аз назар мегузаронд.

Ба омадани мо вокунише нишон надод, хӯрдани варақзанияшро идома дод. Баъди анҷоми хӯрдан дасту даҳонашро тоза намуда, чашмонашро боло кард. Чанд лаҳза ба ману хонуми ҳамроҳам назар карду фаҳмид.

-Аҳа ин коромӯзи нав, - изҳор дошт мард бо овози ғафс ва даррандавор хандид.

Ман худро чебуреки навбатие тасаввур намудам, ки макони охираш дар шиками то андозае калони ӯ хоҳад буд. Суоли дигараш маро ҳайратзада кард.

-Хондан метавонӣ?

Ин ҷо каме худро гум кардам. Донишҷӯи соли чорум, аз сесолагиям мехонам, дар хона теъдоди зиёди китобҳои жанрҳои гуногун. Ин ҳамаро гӯям? Агар гӯям, навъе худтаърифкунӣ мешавад. Одамон дар ҳолатҳои сардаргумӣ ҳар гуна вокуниш мекунанд, аммо ман ҳамеша ҳазлро интихоб мекардам.

-Ҳиҷо ба ҳиҷо,- изҳор доштам ман ва фаҳмидам, ки дар интихобам иштибоҳ намудам.

-Шӯх будаст, -  гуфт  ва даст афшонд, ки ислоҳ мекунем.

Баъдан варақеро ба ман дароз кард: “Бихон”. Дар мобайни варақ доғе аз равғани чебурек буд. Чебурек ҳамин хел, ҳазор эҳтиёт кунӣ, ки боз чизеро доғдор хоҳӣ кард.

- Эммм…, ҳайратзада варақро гардонда, ба сабаби мушкилот ишора кардам.

- Ҷавони ҳанӯз бетаҷриба, - хулоса кард имтиҳонгиранда ва доғро бо варақаш гирифт. Майли бигзор, ҳамин тавр бигӯ: “Аз бюрои хабарии Иттиҳоди Шӯравӣ”.

- Аз бюрои хабарии шӯравӣ, - китф дар ҳам кашидам ман.

- Ту нафаҳмидӣ, инро тавре талаффуз кун, ки ҳарфҳои калони ҳар калима эҳсос карда шаванд. Бори дигар бихон.

Панҷ дақиқа ба ҳар шева гуфтам. Дар фарҷом рафиқони калонсол ба хулосае омаданд, ки зарфият ҳаст, дигар аз таҷриба пайдо мешавад. Ҳамин тавр ман ровӣ – коромӯзи радиои ҷумҳуриявӣ шудам.

Миёни ҳамкорон ман за ҳама ҷавон будам ва бинобар ин бархе корҳои хурд аз қабили ҷӯшондани чой, овардани қанд, бурдани ҳуҷҷатҳо барои имзо ва ғайраро ба уҳдаи ман мегузоштанд. Дар баробари ин аз рӯи виҷдон маро таълим медоданд: аз нафасгирӣ то тарзи талаффузу оҳангро ёд медоданд.

Вақт мегузашту дар арафаи Соли нав масъалаи навбатдорӣ мубрам шуд. Маълум буд, ки номзадии собиқадорони таҷрибадор барои навбатдорӣ ҳатто дар баррасӣ набуд. Миёнаҳо низ чандон хоҳишманд набуданд, бинобар ин “роҳ ба ҷавонон” навбатдориро ба ман вогузоштанд.

Қарор чунин шуд. Барномаҳои хабариро ҳамкорони нисбатан таҷрибадор мехонанд, ман танҳо бояд аз рӯи реҷа барномаҳоро эълон мекардам. Онҷо мешавад, танҳо бо номи нашр ё вақти пахшаш хато кард, ки он масъалаи ҳаётӣ нест.

Шоми 31 декабр ҳама хона ба хона рафтанду дар ҷои кор танҳо “безанҳо”, - ман, ёвари коргардони садо ва муҳаррири хурд монданд. Дар соати муқарраршуда ман паси микрофон нишастаму омодаи хондани барномаҳо шудам.

Ёд доред, дар бораи шӯхиҳои ноҷои ман? Ин ҷо боз зуҳур кард. Барои каме болидахотир кардани ҳамкорони навбатдорам, каме сулфидаму дар микрофон гуфтам: “Аз бюрои хабарии Иттиҳоди Шӯравӣ”. Ба ҳадде монанд ба аслаш шуд, ки ман бо шавқ идома додам: “Имрӯз Гитлерро дар зери пул бо думаш қапиданд”.

Чашмонамро бардошта, пушти шиша чеҳраҳои парешони ҳамкорҳоро дидам, ки пушташон лампаи оғози эфир гирён буд. Барномаро хондаму ҳамзамон фикр мекардам, ки маро мепаронанд ё чормех мекунанд.

Навбатдорӣ давом дошту касе бо талаби ҷазо вориди утоқ нашуд. Оҳиста-оҳиста ҳама ором шуданду фикр карданд, ки хабари думбарории Гитлер аз таваҷҷуҳи шунавандагони радио канор монд. Табъи идона бозгашт.

Дуюми январ ҷаласа баргузор шуд. Ҳайати кормандон болои миз нишастанду дар садр роҳбари гуруҳи ровиён ва имтиҳонгирандаи ман қарор доошт. Чанд дақиқа ҳама хомӯш буданд. Сари роҳбари ровиён дар ҳоли афтидан ба поён буд, қариб ба миз бармехӯрд, ки соҳибаш онро дошт. Бо чашмони хаста ба тарафи мо нигоҳ карда, гуфт дирӯз аз меъёр зиёд... каме касал шуда, ҷаласа имрӯз намешавад, ҳама ба ҷойҳои кории худ раванд.

Ҳама оҳи сабук кашида, сӯи дар равон будем, ки садо расид: “Шумо Левитан, лутфан бимонед”.

Ягон бор шуморо бо садои пас сарзаниш кардаанд? Ҳатто чунин садои нарм дар чеҳраи роҳбарам бо имоҳои дарднок инъикос меёфтанд. Муаддабона дар ин сарзаниш танҳо пешояндҳо буданд. Ва дар охир: “Як моҳи навбатдорӣ, бидуни истироҳат, фаҳмо?”

"Явол, майн хенерал", - изҳор доштам ману бори дигар ба шӯхияҳоям лаънат фиристодам.

Роҳбар бо тамоми сина нафас гирифт, аммо баъдан ба баданаш гӯш карду аз фикраш гашт. Ман зуд аз утоқ берун шудам.

Роҳбари ман солҳост, ки нест бо мо, аммо ҳар Соли нав ман ин ҳодисаро ба ёд меораму барояш тамоми хушиҳоро мехоҳам.

Барчаспҳо:
радио, Левитан, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ