19:47 17 январи 2021
Пахши мустақим
  • USD11.30
  • EUR13.70
  • RUB0.15
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
1438 0 0

Дар арафаи соли нав дар Тоҷикистон бори нахуст панҷгона таваллуд шуд. Тифлакон се духтару ду писар дар Пажуҳишгоҳи укушерӣ, гинекологӣ ва перинатологии Тоҷикистон” воқеъ дар шаҳри Душнбе таваллуд шуданд

ДУШАНБЕ, 1 янв — Sputnik. Дар Тоҷикистон бори нахуст панҷгона таваллуд шуд.

Кӯдаконро модари хухбахт аз деҳаи ба номи Бобоҷон Ғафурови ноҳияи Қубодиён Дилноза Маматова ба дунё овард.

Ду писар ва се духтари Дилноза дар Пажуҳишгоҳи укушерӣ, гинекологӣ ва перинатологии Тоҷикистон воқеъ дар шаҳри Душнбе таваллуд шудаанд.

Ду духтар ва ду писар: зане дар Душанбе чоргоник таваллуд кард

Дилноза Маматова як маҳи ахир бо тавсияи табибон барои таҳти назорат қарор гирифтан дар ин марказ бистарӣ буд.

Саломатии тифлаконро, аз 1 то 1,5 кило вазн доштаанд, табибон хуб арзёбӣ намудаанд.

Ҳамагӣ чанд рӯз пеш аз таваллуд шудани панҷгоникҳо, дар Душанбе модари дигаре чоргоник зода буд.

Чоргоникҳо дар Душанбе таваллуд шудаанд.

 

Модари кӯдакон 34 сол доштаву ин таваллуди севумаш будааст.Ӯ ва шавҳараш Далер Файзалиев ду писари дигар 14 ва 3-сола доштаанд.

"Вақте бори аввал аз ташхис гузаштам, табибон гуфтанд, ки дар батнам чор дил метапад. Бовар накардам. Боз дар ду-се ҷои дигар ташхис кардам, он ҷо ҳам айни ҳамин гапро гуфтанд", — гуфтааст модари хушбахт.

Вазорат гуфт, дар Тоҷикистон таваллуд каму фавт зиёд шуд

Ба гуфтаи духтури шуъбаи эҳёгарии навзодон Фарида Кароматуллоевна, кӯдакон пеш аз муҳлат таваллуд шудаанд ва чанд муддат модару кӯдакон зери назорати мутахассисон қарор хоҳанд гирифт.

Ёдовар мешавем, ки чунин ҳолат соли 2018 дар Душанбе ва дар вилояти Суғд ба қайд гирифта шуда буд ва ҳамон замон дар ВМКБ низ бори аввал чоргоникҳо таваллуд шуданд.

 

 

Мавзӯъҳои асосӣ