Як панҷгонику 4 дугоники оилаи Бобоевҳо: ҳукумати вилоят хона месозад, ҷумҳурӣ чӣ?

© сомонаи ҳукумати ХатлонКӯдакони панҷгоник дар таваллудхонаи Душанбе
Кӯдакони панҷгоник дар таваллудхонаи Душанбе - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Мамат Бобоев, ки ахиран соҳибаи небераҳои панҷгоник шуд, мегӯяд, ҳамакнун шумораи наберагони дугонику панҷгоникаш ба 13 нафар баробар шуд

ДУШАНБЕ, 2 янв — Sputnik. Қурбон Ҳакимзода, раиси Хатлон ба шодбошии бобою бибӣ дар ноҳияи Қубодиён ва муовини раиси вилоят Фирӯза Шарифӣ ба аёдати модари панҷгоникҳо Дилноза Мамадова рафт, хабар дод котиботи ҳукумати Хатлон.

Боксы с малышами - Sputnik Тоҷикистон
Се духтару ду писар: сокини ноҳияи Қубодиён панҷгоник таввалуд кард

Ба иттилои дафтари матбуоти ҳукумати Хатлон, зимни боздиди раис тасмим гирифта шудааст, ки мақомоти иҷроияи вилоят дар бунёди манзили иловагии истиқоматӣ барои тифлони навзод дар канораи замини наздиҳавлигии ин хонавода ҳамаҷониба мусоидат мекунад. Феълан маълум нест, ки ҳукумати ҷумҳуриявӣ ба панҷгоникҳо чӣ тақдим мекунад, аммо бархе корбарон додани хона дар Душанберо ба миён гузоштаанд.

Ба иттилои хонавода, панҷгоникҳоро, Ҳасан, Ҳусейн, Фотима, Зуҳро ва Хадича ном гузоштаанд.

Бар асоси иттилои расмӣ, модари панҷгоникҳо Дилноза Мамадоваи 31-сола, ки сокини ноҳияи Қубодиёни вилояти Хатлон аст, феълан дар Душанбе таҳти муроқибати табибон қарор доранд. Вазъи модару тифлонаш муътадил арзёбӣ мешавад.

Хабаргузории “Ховар” навиштааст, ки Дилноза Мамадова соли 2008 бо сокини деҳаи Бобоҷон Ғафурови Ҷамоати деҳоти “20-солагии Истиқлол”,  Барот Бобоев оила барпо намуда, аз зиндагии якҷоя соли 2010 соҳиби як духтар - Фирӯза Нормуротова ва соли 2017 соҳиби як писар - Иброҳим Нормуротов шудаанд.

Бобои панҷгоникҳо мегӯяд, аз се фарзанди дигараш низ қаблан чор дугоник таваллуд шуда, теъдоди наберагони дугоникаш ба 13 нафар расид.

Лентаи хабарҳо
0