Ҷашнҳои рӯзи 3 январ дар Тоҷикистон ва ҷаҳон

© © Sputnik/ Стас Этвеш/ Мария ВишняковаДень 3 января
День 3 января - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Рӯзи сеюми январ дар Эстония – Рӯзи ёдбуди ҷанговарони муҳорибаҳои озодкунӣ буда дар Аргентина рӯзи карнавал ва дар Буркина Фасо рӯзи инқилоб мебошад

Рӯзи 3 январ дар ҷаҳон чӣ рух дод

Соли 1977 аввалин компютери ширкати Apple истеҳсол гардид.

Ҷаласаи Ҳукумати Тоҷикистон - Sputnik Тоҷикистон
Аз баҳси барқрасонӣ то омодагӣ ба ҷашнҳои бузурги соли 2021 дар ҷаласаи Ҳукумат

Соли 1977 Фонди байналмилалии асъор ба Бритониёи Кабир дар ҳаҷми 3,9 миллиард фунт стерлинг заём дод.

Соли 1989 рӯзномаи «Известия» (Русия) аввалин маротиба рекламаи тиҷоратӣ нашр намуд.

Соли 1995 Ташкилоти байналмилалии тандурустӣ хабар дод, ки шумораи гирифторони бемории ВНМО дар ҷаҳон аз як миллион нафар гузаштааст.

Соли 1992 миёни Қазоқистон ва Чин муносиботи дипломатӣ барқрор карда шуд.

Соли 2006 дар Озарбойҷон пули нав ба муомилот бароварда шуд.

Рӯзи 3 январ дар Тоҷикистон чӣ рух дод

Соли 2011 Эмомалӣ Раҳмон дар бораи тасдиқи Барномаи ислоҳоти судӣ – ҳуқуқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2013 фармон ба имзо расонид.

Ҷашнҳои рӯзи 30 декабр дар Тоҷикистон ва ҷаҳон

Соли  2011 Раҳмон дар робита ба таркиши дар назди Калисои Қиддисини вилояти Искандария рухдода ба Президенти Ҷумҳурии Мисри Араб Муҳаммад Ҳуснӣ Муборак барқияи таъзия ирсол карда, ба наздикон ва хешу таборони қурбоншудагон арзи тасаллият ва ҳамдардӣ намуд.

Соли 2016 Созишнома миёни Тоҷикистон ва Ҳукумати Арабистони Саудӣ оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи ҷавонон ва варзиш ба имзо расид.

Ҷашнҳои рӯзи 3 январ

  • Дар Эстония – Рӯзи ёдбуди ҷанговарони муҳорибаҳои озодкунӣ.
  • Рӯзи карнавал дар Аргентина.
  • Рӯзи инқилоб дар Буркина Фасо.

Рӯзи 3 январ кӣ ба дунё омадааст

Муборакшо Алимшоев (1939)- журналист, Корманди шоистаи Тоҷикистон.

Арутюнян Норайр (1936-2008) - рассом, Ходими шоистаи ҳунари Тоҷикистон.

Турсунбой Аҳмадов (1949) - доктори илми кишоварзӣ, профессор.

Қуканшо Гулзода (1950)- шоир.

Тошпӯлод Гулмуродов (1953) - доктори илми тиб, профессор, узви вобастаи АИ Тоҷикистон.

Усмон Зоирӣ (1911-1970)- журналист.

Эргаш Мўҳсинзода (1912 - 1988) - журналист, Корманди шоистаи маданияти Тоҷикистон.

Халил Назар (1936)- шоир.

Мавлуда Наҷмиддинова (1954) - доктори илми тиб, профессор.

Нурмаҳммад Ниёзӣ (1947) - Шоири халқии Тоҷикистон.

Мирзораҳмат Олимов (1891 - 1971) - Рассоми халқии Тоҷикистон, дорандаи Ҷойизаи давлатии ба номи Рӯдакӣ.

Аслиддин Сатторов (1957) - Ҳофизи халқии Тоҷикистон.

Тағоймурод Солиев (1946) - доктори илмҳои физикаю математика.

Субҳияи Воҳид (1964)- шоира.

Турсун Шамс (Улмасов Турсунбой) (1949)- шоири узбекзабони Тоҷикистон.

Муҳаммадҷон Халилов (1909 - 1989) - актёри театр, Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон.

Абдулло Xӯраев (1911-1994)- актёр ва режиссёри театр, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон.

Яҳё Шарифов (1929) - доктори илми таърих, профессор.

Лентаи хабарҳо
0