ДУШАНБЕ, 5 янв — Sputnik. Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон меғ мефарояд, хабар медиҳал агентии Ховар бо такя ба маълумоти Ожонси обуҳавошиносӣ.
Ба иттилои манбаъ, дар ғарби вилоят шабона 7-12 ва дар баъзе ноҳияҳо то 15-20 дараҷа хунук, рӯзона ҳаво 2-7 дараҷа хунук мешавад. Дар шарқи вилоятҳаво шабона 28-33, дар баъзе ноҳияҳо то 36-41 дараҷа хунук мешавад. Рӯзона ҳарорати ҳаво 14-19 дараҷа хунук мешавад.Ҳаво дар вилояти Суғд тағйирёбандаи бебориш шуда, дар баъзе ноҳияҳо туман мефарояд. Ҳаво дар водиҳо шабона 3-8 дараҷа хунук ва рӯзона 1-6 дараҷа хунук мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 10-15 ва рӯзона 0-5 дараҷа хунук мешавад.
Дар вилояти Хатлон ҳаво дар водиҳо шабона 4-9 дараҷа хунук ва рӯзона 0-5 дараҷа хунук мешавад. Дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ ҳаво шабона 6-11 дараҷа хунук ва рӯзона аз 2 дараҷа хунук то 3 дараҷа гарм мешавад.
Шаб сарду рӯз гарм: пешгӯии дақиқи обу ҳаво дар Тоҷикистон
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво тағйирёбандаи бебориш шуда, дар баъзе ноҳияҳо туман мефарояд. Ҳаво дар водиҳо шабона 3-8 дараҷа хунук ва рӯзона 4-9 дараҷа хунук мешавад.
Дар шаҳри Душанбе ҳаво тағйирёбандаи бебориш шуда, туман мефарояд ва резиши қирав боқӣ мемонад. Ҳарорати ҳаво шабона 6-8 дараҷа хунук ва рӯзона 0+2 дараҷа гарм мешавад.