00:23 19 январи 2021
Пахши мустақим
  • USD11.30
  • EUR13.63
  • RUB0.15
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
127210

Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон хабарҳо дар бораи гарон шудани қимати шиносномаи хориҷиро рад кард

ДУШАНБЕ, 05 янв — Sputnik. Дар Маркази матбуоти ин ниҳод ба Sputnik Тоҷикистон гуфтанд, ки тағйирот дар қимати худи шиноснома аслан наомада, боҷи давлатӣ афзудааст.

"Қимати ба даст овардани шиноснома ҳамон гуна, ки дар андозаи 75 доллар муқаррар шуда буд, ҳамон қадар боқӣ мондааст. Фақат боҷи давлатӣ, ки 87 сомонӣ буд, ҳоло ба 90 сомонӣ афзуд", - гуфт ин манбаъ.

Қаблан расонаҳо хабар дода буданд, ки хадамоти судури шиносномаи хориҷӣ дар баробари дигар пардохтҳои давлатӣ дар Тоҷикистон, аз ҷумла маблағи гирифтан ва тамдид кардани шиносномаи хориҷӣ аз аввали соли равон афзудааст. Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон масъули нашри шиносномаҳои хориҷии ин кишвар ба ҳисоб меравад.

Маркази матбуоти ин ниҳод мегӯяд, тамдид ё дароз кардани муҳлати шиносномаи хориҷии Тоҷикистон низ имкон надорад, зеро он биометрӣ буда, як муҳлати муайян эътибор хоҳад дошт.

"Шиносномаи биометриро ба ҳеҷ ваҷҳ наметавон тамдид кард, чун маълумот ба таври электронӣ дар он ҷо дода мешавад ва тағйир додани онҳо фақат дар нусхаи нави шиноснома имкон дорад", - мегӯяд манбаъ.

Аз 1 январи соли равон андозаи шохиси ҳисобҳо барои муҳосибаи андозҳо, боҷ ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ, ҷаримаҳо, пардохтҳои иҷтимоӣ ба мизони 60 сомонӣ таъйин шуд, дар ҳоле, ки дар соли 2020 ин рақам 58 сомониро ташкил мекард.

Коршинос гуфт қонуни нав барои гирифтани шаҳрвандии Русия бештар ба кӣ рабт дорад

Ба ҳамин минвол, ҳазинаи сабти ширкат ё тиҷорати ҷадид аз 1450 сомонӣ ба 1500, сабти номи як созмони байналмилалӣ аз 5.6 ҳазор сомонӣ ба 6 ҳазор, ахзи гувоҳинома барои афроди машғул дар бахши хусусӣ аз 58 ба 60 сомонӣ афзоиш ёфтааст.

Ба таври куллӣ, маблағи пардохт дар ҳамаи бахшҳо барои судур ва тасвиби санадҳо 3.4 дарсад дар муқоиса бо соли 2020 боло рафт.

Барчаспҳо:
арзиш, тоҷикӣ, шиноснома, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ