19:51 22 январи 2021
Пахши мустақим
  • USD11.30
  • EUR13.74
  • RUB0.15
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
141720

Дар асоси супориши Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ лоиҳаи нақшаи тарҳрезии иморатсозии хиёбони Саъдии Шерозӣ аз буриши хиёбони Неъмат Қарабоев то хиёбони Ҷаббор Расулови ноҳияи Сино таҳия гардид

ДУШАНБЕ, 6 янв — Sputnik. Бино бар иттилои дафтари матбуоти раиси шаҳри Душанбе, лоиҳаи мазкур аз ҷониби  Сарраёсати меъморӣ ва шаҳрсозии шаҳри Душанбе ва ҶСК ПИЛҶ “САНИИОСП” тарҳрезӣ  шудааст. 

Айни замон аз  рӯи нақшаи мазкур дар ин хиёбон сохтмони биноҳои баландошёнаи истиқоматӣ ва маъмурию хизматрасонӣ ба роҳ монда шудааст.

Манбаъ иттилоъ додааст, ки масоҳати ҳудуди қитъаи тарҳрезишуда  37,00 гектарро  дар бар гирифта, дар он бунёди 77 адад биноҳои истиқоматӣ, 1 адад бинои маъмурӣ, 4 адад биноҳои маъмурии бисёрфунксионалӣ  ба нақша гирифта шудааст.

“Дар хиёбони Саъдии Шерозӣ аз буриши хиёбони Неъмат Қарабоев то хиёбони Ҷаббор Расулови ноҳияи Сино васеъшавии муассисаҳои таҳсилоти  миёнаи умумии мавҷуда — №32, №67, №37, №66, №2, №90  дар назар дошта шудааст. Дар хиёбони мазкур боғчаи кӯдаконаи  мавҷуда -№112 “Ивушка”, “Баҳористон”, №101 ва №48  васеъ гардида, 1 адад кӯдакистони нав барои 250 нафар сохта мешавад. Дар ин минтақа дар масоҳати 1,80 гектар майдончаҳо барои истироҳати сокинон бунёд мегарданд”,- зикр кардааст шаҳрдорӣ.

Ҳамзамон дар қитъаи тарҳрезишуда  дар масоҳати 5,00 га роҳҳои мошингард, 6,04 га роҳравҳо ва 8,00 га  майсазор  бунёд мегарданд. Ҳамчунин сохтмони марказҳои хизматрасонии тиббӣ ва  нозироти минтақавӣ пешбинӣ шудаанд.

Инчунин дар ин хиёбон  дар масоҳати 5,61  га  15 адад майдончаҳои варзишӣ сохта шуда, бо дарназардошти  бунёди майдончаҳо барои бозии кӯдакон  масоҳати 1,61га  ҷудо гардидааст.

Дар лоиҳаи тарҳрезишуда бунёди  22 адад иншооти коммуналӣ (трансформатор, бунгоҳҳои гармӣ, муйдончаҳои партов) низ дар назар дошта шудааст.

Барчаспҳо:
Сино, бозсозии хиёбон, нақша, Рустам Эмомалӣ, Душанбе, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ