15:37 18 январи 2021
Пахши мустақим
  • USD11.30
  • EUR13.70
  • RUB0.15
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
20210

Нахустин сафири Фаластин дар Тоҷикистон гуфт, ки дар ояндаи наздик миёни ду кишвар 20 тавофуқномаи ҳамкорӣ дар бахшҳои мухталиф имзо мешавад

ДУШАНБЕ, 6 янв — Sputnik. Ба гузориши сомонаи Авесто, Луйа Исо дар ҳамоиши фарҳангии "Таъриху ҳаводиси Фаластин" дар Душанбе эълом кард, ки яке аз ин созшномаҳо марбут ба омӯзиши донишҷӯёни фаластинӣ дар донишгоҳҳои Тоҷикистон аст, ки ба зудӣ бо Вазорати маориф ва илми ин кишвар имзо хоҳад шуд.

Вай дар ин нишаст аз мавзеи Тоҷикистон дар ҳимоят аз ормони миллати Фаластин дар Созмони Милали Муттаҳид қадрдонӣ кард.

Сафири Фаластин дар Тоҷикистон бо ишора ба муштаракоти динии мардуми Тоҷикистон бо фаластиниён гуфт: "Дар муддати нисбатан кӯтоҳи ҳузурам дар Тоҷикистон бо одобу русуми мардуми ин кишвар ошно шудам ва дарёфтам, ки муштаракоти динӣ - фарҳангии фаровоне миёни ду миллат вуҷуд дорад".

Луйа Исо, ки қаблан ба унвони сафири Фаластин дар 4 кишвари арабӣ фаъолият кардааст, аз алоқаи худ ба Тоҷикистон ва мардуми он сухан гуфту ибрози умедворӣ кард: Равобити ду кишвар дар ояндаи наздик тавсеа ёбад.

Сафорати Фаластин дар Тоҷикистон рӯзи 4 апрели имсол ифтитоҳ шуд ва Луйа Исо ба унвони нахустин сафири кишвари Фаластин дар Душанбе оғоз ба кор кард.

Барчаспҳо:
имзо, ҳамкорӣ, тавофуқнома, фаластин, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ