14:33 22 январи 2021
Пахши мустақим
  • USD11.30
  • EUR13.74
  • RUB0.15
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
334 0 0

Маҳмадтоир Зокирзода арзу сипоси Президентро ҷиҳати иштироки фаъолона дар давраи интихоботи президентӣ ба сокинони ноҳияи Сангвор расонида, оид ба истифодаи сарфакоронаи неруи барқ сухан гуфт

ДУШАНБЕ, 8 янв – Sputnik. Маҳмадтоир Зокирзода, раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон, бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Президент ва нақшаи чорабиниҳои Маҷлиси намояндагон бо фаъолону ҷавонон, раисони  ҷамоатҳои деҳот ва роҳбарони ташкилоту муассисаҳои ноҳияи Сангвор дидору мулоқот кард.

Дар ин бора АМИТ "Ховар" бо такя ба шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи ноҳияи Сангвор хабар медиҳад.   

Гуфта мешавад, ки Маҳмадтоир Зокирзода дар ин ҷамъомад арзу сипоси Президентро ҷиҳати иштироки фаъолона дар давраи интихоботи президентӣ ба сокинони ноҳияи Сангвор расонида, оид ба муҳтавои муроҷиатномаи Сарвари давлат  доир ба истифодаи сарфакоронаи неруи барқ, худдорӣ аз истифодаи дастгоҳу таҷҳизоти барқии серхароҷот сухан гуфт.

Ӯ ҳамчунин, масоили вусъати корҳои ободонию созандагӣ, бунёди иншооти ҷашнӣ, таъмиру бунёди хонаҳои истиқоматии шаҳрвандон бо мақсади омодагӣ ба ҷашни 30-солагии Истиқлол, омодагӣ ба ҷашни Наврӯз, корҳои ободонию ниҳолшинонӣ, истифодаи самараноки заминҳои наздиҳавлигӣ ва хоҷагиҳои ёрирасон, бунёди гармхонаҳо, захираи озуқа дар ҳар оила, риояи қоидаҳои санитарию эпидемологӣ ва пешгирии паҳншавии бемориҳои сироятӣ баррасӣ кардааст.

Мавсуф ҳамзамон ба саволҳои сершумори иштирокчиёни вохӯрӣ посух додааст.

Манбаъ афзуда, ки дар асоси нақшаи чорабиниҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон силсилавохӯриҳои раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода дар ноҳияҳои минтақаи Рашт идома дорад.

Барчаспҳо:
дидор, мулоқот, Маҳмадтоир Зокирзода, Тавилдара

Мавзӯъҳои асосӣ