02:30 20 январи 2021
Пахши мустақим
  • USD11.30
  • EUR13.63
  • RUB0.15
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
73630

Мутахассисони Муассисаи давлатии “Маркази ҷумҳуриявии илмии саратоншиносӣ” нахустин маротиба ҷарроҳии саратони бачадонро бо истифодаи таҷҳизоти эндовидеоӣ муваффақона анҷом доданд

ДУШАНБЕ, 8 янв – Sputnik. Табибони тоҷик бори нахуст ҷарроҳии саратони бачадонро бо истифодаи таҷҳизоти эндовидеоӣ муваффақона анҷом доданд.

Дар ин бора Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.

Ба гуфти директори Муассисаи давлатии "Маркази ҷумҳуриявии илмии саратоншиносӣ"-и Вазорати тандурустӣ Зафар Ҳусейнзода, "ин намуди ҷарроҳии мураккаб қаблан дар хориҷи мамлакат гузаронида мешуд. Он ҳамзамон сарфи маблағ ва вақти зиёд талаб мекард. Дар соли нави мелодӣ аввалин маротиба дар кишвар мутахассисони муассисаи мазкур ҷарроҳии саратони гурдаро низ бо усули эндовидеолапороскопӣ бомуваффақият гузарониданд".

Бино ба гуфтаи номбурда, бо дастрасии дастгоҳи муосири тиббии эндовидеоҷарроҳии Карл Штрос, ки истеҳсоли Олмон мебошад, саратоншиносони тоҷик мушкилтарин ҷарроҳии вобаста ба саратони гурдаро бо харҷи ками маблағ ва вақт гузарониданд, ки ин дастоварди муҳими соҳа ба шумор меравад.

Айни замон дар маркази мазкур даҳҳо нафар мутахассисони варзидаи соҳа, ки дар бонуфузтарин муассисаҳои илмию хизматрасонии тиббии кишварҳои тараққикардаи ҷаҳон такмили ихтисос гирифтаанд, фаъолият менамоянд.

Чанду чаро? Рустами Эмомалӣ аз афзоиши бистарӣ шудани беморон гуфт

Манбаъ афзуда, ки давоми солҳои охир маҳз бо дастгирии Ҳукумат ва Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон ба маркази мазкур якчанд номгӯй дастгоҳу таҷҳизоти муосири тиббӣ дастрас карда шудаанд, ки тавассути онҳо барои хизматрасонии тиббӣ шароити мусоид фароҳам оварда шудааст.

Барчаспҳо:
амалиёти ҷарроҳӣ, ҷарроҳӣ, ҷарроҳӣ, Вазорати тандурустӣ, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ