Супоришҳои Аҳмадзода барои сохтмони босифати бинои нави Маркази стандартизатсия

Обуна шудан
Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода чанде қабл бо ҷараёни сохтмони бинои нави мазкур  шинос шуда, ҷиҳати бо сифат анҷом додани корҳо ва ободонии ҳудуди он дастуру супоришҳои мушаххас дод.

ДУШАНБЕ, 10 январ - Sputnik. Сохтмони бинои нави Маркази стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва назорати савдои вилояти Суғд дар маҳаллаи Темурмалик, микроноҳияҳои 4-6-и шаҳри Хуҷанд  идома дорад.

Завод по производству полиэтиленовых пакетов в Согдийской области - Sputnik Тоҷикистон
Афзоиши корхонаҳои саноатӣ дар шаҳри Бӯстон

Бино ба гузориши мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода чанде қабл бо ҷараёни сохтмони бинои нави мазкур  шинос шудааст.

Ӯ ҷиҳати бо сифат анҷом додани корҳо ва ободонии ҳудуди он дастуру супоришҳои мушаххас додааст.

Гуфта мешавад, ки лоиҳаи ин бино аз ҷониби ҶДММ "Суғдшаҳрофар" тартиб дода шуда, сохтмони онро ҶДММ "Авитсенна" ба уҳда гирифтааст.

Бинои асосӣ аз таҳхона ва 5 ошёна иборат аст. Ҳамзамон бунёди 10 ҳуҷраи ёрирасон дар атрофи бино дар назар буда, маблағи умумии лоиҳаи сохтмон  8 500 000 сомониро дар бар мегирад.

Манбаъ афзуда, дар таҳхона 7 утоқи корӣ ҷойгир гардида, барои шуъбаи таъминоти метрологӣ пешбинӣ шудаанд. Дар ошёнаи якум маҷлисгоҳ барои 150 нафар ва ошхона бо 50 ҷой пешбинӣ гардидааст. Дар ошёнаҳои 2-5 утоқҳои корӣ бунёд мешаванд.

Лентаи хабарҳо
0