01:40 21 январи 2021
Пахши мустақим
  • USD11.30
  • EUR13.68
  • RUB0.15
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
38101

Ожонси ҳавошиносии Тоҷикистон то 37 дараҷа сардиро пешбинӣ кардааст. Дар Душанбе, пойтахти Тоҷикистон ҳаво нисбатан нарм буда, танҳо шабона то 4 дараҷа сард мешавад

ДУШАНБЕ, 12 янв — Sputnik. Ба иттилои манбаъ, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳаво  камабри бебориш шуда, дар баъзе ноҳияҳои ғарбии вилоят туман мефарояд.

Бод аз сӯи шарқ бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 10-15  дараҷа хунук ва рӯзона ҳаво 2-7 дараҷа  хунук мешавад. Дар шарқи вилоят ҳаво  шабона  32-37 ва рӯзона 15-20 дараҷа  хунук мешавад.

Ҳаво дар вилояти Суғд камабр ва дар баъзе ноҳияҳо тағйирёбанда шуда, эҳтимоли бориши нисбатан сусти марҳилавӣ дар назар аст. Дар ноҳияҳои алоҳида туман мефарояд. 

Шамол аз самти шарқ бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона аз 2 дараҷа хунук  то 3 дараҷа гарм ва рӯзона 4+9 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 10-15 дараҷа хунук  ва рӯзона аз 1 дараҷа хунук то 4 дараҷа гарм  мешавад.

Дар вилояти Хатлон  ҳаво камабри бебориш шуда, дар баъзе ноҳияҳо туман мефарояд.  Шамол аз самти шарқ бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад.

Ҳаво дар водиҳо шабона 2-7 дараҷа хунук  ва рӯзона 7+12 дараҷа гарм мешавад.  Дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ ҳаво шабона 2-7 дараҷа хунук ва рӯзона 6+11 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво камабри бебориш шуда, дар баъзе ноҳияҳо туман мефарояд. Шамол аз самти шарқ бо суръати 3-8 метр дар як сония  мевазад. 

Ҳаво  дар водиҳо  шабона 1-6  дараҷа хунук ва рӯзона 9+14 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 11-16 дараҷа хунук  ва рӯзона аз 1 дараҷа хунук то 4 дараҷа гарм  мешавад. Дар баъзе ноҳияҳо то 4-6 дараҷа сард мешавад.

Дар  шаҳри Душанбе ҳавои камабри бебориш пешбинӣ шудааст. Шамол аз самти  шарқ бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳарорати ҳаво шабона 2-4 дараҷа хунук ва рӯзона 11+13 дараҷа гарм мешавад.

Барчаспҳо:
зимистон, сардӣ, обу ҳаво, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ